Ҳар касе ки аз насли Ҳорун махав ё ҷараён дошта бошад, то пок нашавад, набояд аз ҳадияҳои муқаддас бихӯрад. Ва касе ки ба ҳар шахси аз мурда наҷисшуда мерасад, ё ба шахсе ки нутфа аз вай рехтааст,
Ва Ҳаҷҷай гуфт: «Агар касе ки ба ҷасади мурда расида наҷис шуда бошад, ба ҳар яке аз инҳо бирасад, оё он наҷис мешавад?» Ва коҳинон ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Наҷис мешавад».
Ва шумо ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ хайма занед; ҳар кӣ касеро кушта бошад, ва ҳар кӣ ба мақтуле расида бошад, аз шумо ва асирони шумо, дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум худро татҳир намояд.
Вале одамоне буданд, ки ба ҷасади мурда расида наҷис шуда буданд, ва фисҳро дар он рӯз наметавонистанд ба ҷо оваранд; ва онҳо дар он рӯз назди Мусо ва Ҳорун омаданд.
Павлус он одамонро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намуд ва рӯзи дигар ба маъбад даромад ва анҷоми рӯзҳои таҳоратро, ки бояд барои ҳар яке аз онҳо ҳадияе пешкаш карда шавад, эълон кард.