Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 18:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва Худованд ба Ҳорун гуфт: «Инак, Ман бақияи ҳадияҳои Худро аз ҳамаи қурбониҳои муқаддаси банӣ‐Исроил ба ту бахшидам, онҳоро ба ту ва писаронат ба фаризаи доимӣ насиб кардам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 18:8
32 Iomraidhean Croise  

Нуқраи қурбонии ҷурм ва нуқраи қурбонии гуноҳҳо ба хонаи Худованд дахл карда намешуд; он аз они коҳинон буд.


Ва ба қавме ки дар Ерусалим сокин буданд, амр фармуд, ки ҳиссае барои коҳинон ва левизодагон бидиҳанд, то ки ба Тавроти Худованд бо ҷидду ҷаҳд машғул бошанд.


Ва ҳангоме ки ин амр интишор ёфт, банӣ‐Исроил навбари гандум, шираи ангур ва равғани зайтун ва асал ва ҳар маҳсули саҳроро ба фаровонӣ доданд, ва аз ҳама чиз ушри зиёде оварданд.


Ва бигзор бар Ҳорун ва писаронаш бошад, вақте ки ба хаймаи ҷомеъ дохил мешаванд, ё ки барои хизмати қудс ба қурбонгоҳ наздик меоянд, мабодо гирифтори гуноҳ гардида, бимиранд; ин фаризаи абадист барои ӯ ва барои насли ӯ баъд аз ӯ.


Ва аз хуне ки бар қурбонгоҳ аст, ва аз равғани тадҳин гирифта, бар Ҳорун ва либосаш, ва бар писарони ӯ ва либосашон бо ӯ бипош; ва ӯ ва либосаш, ва писарони ӯ ва либосашон бо ӯ тақдис хоҳанд шуд.


Ва ин барои Ҳорун ва писаронаш фаризаи абадӣ аз ҷониби банӣ‐Исроил хоҳад буд, зеро ки ин ҳадия аст, ва ҳадия аз ҷониби банӣ‐Исроил аз қурбониҳои саломатии онҳо, яъне ҳадияи онҳо барои Худованд хоҳад буд.


Ва либосҳои муқаддаси Ҳорун баъд аз ӯ аз они писаронаш хоҳад буд, то ки дар онҳо тадҳин намуда ва баргумошта шаванд.


Ва Ҳорунро либоси муқаддас бипӯшон, ва ӯро тадҳин намо, ва ӯро тақдис кун, то ки барои Ман каҳонат намояд.


Ва онҳоро тадҳин намо, чунон ки падарашонро тадҳин кардӣ, то ки барои Ман каҳонат намоянд; ва тадҳин ёфтани онҳо барои каҳонати абадӣ дар наслҳои онҳо хоҳад буд».


Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки бори вай аз дӯши ту, ва юғи вай аз гардани ту нест хоҳад шуд; ва юғ ба сабаби чарб зиён хоҳад дид».


Ва коҳине ки аз бародарони худ бузург аст, яъне бар сараш равғани тадҳин рехта шудааст, ва барои пӯшидани либосҳо баргумошта шудааст, — бигзор сари худро накшояд, ва либосҳои худро чок назанад,


Ва коҳин онҳоро бо нони ҷунбонидании навбарҳо ба ҳузури Худованд бо якҷоягии он ду барра бояд биҷунбонад, — онҳо барои Худованд муқаддас буда, ба коҳин тааллуқ хоҳанд дошт.


Он чи аз он боқӣ мемонад, бигзор Ҳорун ва писаронаш бихӯранд; он бояд бе хамиртуруш дар макони муқаддас хӯрда шавад; дар саҳни хаймаи ҷомеъ бигзор онро бихӯранд.


Ҳар мардина аз миёни писарони Ҳорун метавонад онро бихӯрад, — ин фаризаи абадӣ барои наслҳои шумо аз ҳадияҳои оташини Худованд мебошад; ҳар кӣ ба онҳо бирасад, тақдис хоҳад ёфт».


«Ин аст қурбонии Ҳорун ва писаронаш, ки бояд дар рӯзи тадҳин шудани худ ба Худованд тақдим намоянд: даҳьяки эфа аз орди маҳин барои ҳадияи ордии доимӣ; нисфаш барои субҳ ва нисфаш барои шом.


Коҳине ки қурбонии гуноҳро ба амал меоварад, метавонад онро бихӯрад; он бояд дар макони муқаддас, дар саҳни хаймаи ҷомеъ хӯрда шавад.


Ва аз он якеро аз ҳар қурбонӣ ҳамчун ҳадия барои Худованд тақдим менамояд; ин аз они коҳине ки хуни забҳи саломатиро мепошад, хоҳад буд.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ҳар мардина аз миёни коҳинон онро метавонад бихӯрад; он бояд дар макони муқаддас хӯрда шавад. Ин қудси қудсҳост.


Ва Мусо аз равғани тадҳин ва аз хуне ки бар қурбонгоҳ буд, гирифт, ва бар Ҳорун, бар либосҳояш, ва бар писарони ӯ, ва бар либосҳои писарони ӯ бо ӯ пошид; ва Ҳорун ва либосҳояш, ва писарони ӯ ва либосҳои писарони ӯро бо ӯ тақдис кард.


Аз вақфҳои муқаддасе ки аз оташ боқӣ мемонад, инҳо аз они ту хоҳад буд: ҳар қурбонии онҳо, яъне ҳар ҳадияи ордии онҳо ва ҳар қурбонии гуноҳи онҳо ва ҳар қурбонии ҷурми онҳо, ки ба Ман тақдим мекунанд; инҳо барои ту ва писаронат чизи муқаддастарин аст.


Ва ҳар ҳадия аз ҳамаи вақфҳои банӣ‐Исроил, ки назди коҳин меоваранд, аз они ӯ хоҳад буд.


Магар намедонед, ки онҳое ки дар маъбад хизмат мекунанд, аз маъбад мехӯранд? Ва ходимони қурбонгоҳ аз қурбонгоҳ ҳиссае мегиранд?


Он гоҳ кадом маконе ки Худованд Худои шумо баргузинад, то ки исми Худро дар он сокин гардонад, ба он ҷо ҳар он чиро, ки ман ба шумо амр фармоям, биёред, яъне қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои худ, ушрҳо ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худ, ва ҳар гузини назрҳои худро, ки барои Худованд назр намоед;


Ва курбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои худ, ва ушрҳои худ, ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худ, ва назрҳои худ, ва хайроти худ, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро ба он ҷо биёред.


Коҳинони левизода, тамоми сибти Левӣ ҳиссае ва мулке бо Исроил нахоҳанд дошт; онҳо бояд қурбониҳои оташини Худованд ва ҳиссаи Ӯро бихӯранд.


Он гоҳ ба ҳузури Худованд Худои худ бигӯ: „Вақфҳоро аз хона баровардам, ва онҳоро ба левизода, ғариб, ятим ва бева низ, мувофиқи амре ки Ту ба ман фармудаӣ, додам; аз аҳкоми Ту сар натофтам ва онҳоро фаромӯш накардам;


Адолатро дӯст дошта, аз шарорат нафрат дорӣ. Бинобар ин Худо, Худои Ту, Туро бо равғани шодмонӣ бештар аз рафиқонат тадҳин кардааст».


Валекин шумо аз ҷониби Қуддус тадҳин ёфтаед ва ҳамаи шумо ростиро медонед.


Валекин тадҳине ки шумо аз Ӯ ёфтаед, дар шумо сокин аст, ва шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе шуморо таълим диҳад; аммо азбаски тадҳини Ӯ ба шумо ҳар чизро таълим медиҳад, ва он рост аст ва дурӯғ нест, ва ҳамон тавр, ки шуморо таълим додааст, дар Ӯ бимонед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan