3 Бигзор онҳо хизмати ту ва хизмати тамоми хаймаро ба ҷо оваранд, аммо ба колои муқаддас ва ба қурбонгоҳ наздик нашаванд, то ки на шумо бимиред, на онҳо.
Вале ту, ва писаронат бо ту, каҳонати худро аз ҷиҳати ҳар кори қурбонгоҳ ва он чи андарун, дар пушти парда аст, риоя намуда, хизмат кунед; кори каҳонатро Ман ба шумо инъом меқунам, ва ҳар бегонае ки наздик ояд, кушта хоҳад шуд».
Ва нигаҳбонии онҳо бар ин чизҳост: сандуқ ва миз ва чароғдон ва қурбонгоҳҳо ва колои муқаддасе ки хизматро ба воситаи он ба ҷо меоваранд, ва парда ва ҳар он чи ба он тааллуқ дорад.
Ва аз ҳиссаи банӣ‐Исроил як адад аз панҷоҳ адад — чи аз одамон, чи аз говон, чи аз харон, чи аз гӯсфандон, яъне аз ҳамаи чорпоён — бигир, ва онҳоро ба левизодагон, ки хизмати маскани Худовандро ба ҷо меоваранд, бидеҳ».