Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 17:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Ва Мусо ба банӣ‐Исроил сухан ронд, ва ҳамаи раисони онҳо ба ӯ асоҳо доданд, як асо барои ҳар раис, дувоздаҳ асо бар ҳасби хонадонҳошон; ва асои Ҳорун дар миёни асоҳои онҳо буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 17:6
5 Iomraidhean Croise  

Ва чӯбдастҳо, ки бар онҳо хоҳӣ навишт, бигзор пеши назари онҳо дар дасти ту бошад.


Ва тамоми банӣ‐Исроил аз Мусо ва Ҳорун шиква карданд, ва тамоми ҷамоат ба онҳо гуфтанд: «Кошки дар замини Миср мемурдем, ё дар ҳамин биёбон ҷон медодем!


Фақат ин ки ба зидди Худованд балво накунед, ва аз қавми он замин натарсед, зеро ки онҳо тӯъмаи мо хоҳанд шуд: пуштибонашон аз онҳо дур шудааст, ва Худованд бо мост, аз онҳо натарсед».


Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар киро Ман интихоб намоям, асои вай гул хоҳад кард; бо ин Ман шикваҳои банӣ‐Исроилро, ки аз шумо мекунанд, аз ҷониби Худ сокит хоҳам намуд».


Ва Мусо асоҳоро ба ҳузури Худованд дар хаймаи шаҳодат гузошт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan