Ва хонаҳоятро ба оташ хоҳанд сӯзонид, ва дар пеши назари занони бисьёр бар ту доварӣ хоҳанд кард, ва Ман ба зинокории ту хотима хоҳам дод, ва ту дигар музди зино нахоҳӣ дод.
Ва фисқу фуҷури ту ва зинокории туро, ки аз замини Миср овардаӣ, аз ту нест хоҳам кард; ва чашмони худро сӯи онҳо баланд нахоҳӣ кард, ва Мисрро дигар ба ёд нахоҳӣ овард.