4 Ва онҳоро дар хаймаи ҷомеъ пеши сандуқи шаҳодат, ки он ҷо Ман ба шумо зоҳир мешавам, бимон.
Ва аз он як қадар бикӯб, ва онро пеши сандуқи шаҳодат дар хаймаи ҷомеъ, ки Ман дар он ҷо ба ту зоҳир хоҳам шуд, бимон; ин барои шумо қудси қудсҳо хоҳад буд.
Ва онро пеши пардае ки назди сандуқи шаҳодат аст, ҷойгир кун, яъне ба рӯи сарпӯше ки бар сандуқи шаҳодат аст, ки Ман дар он ҷо ба ту зоҳир хоҳам шуд.
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Асои Ҳорунро пеши сандуқи шаҳодат аз нав бимон, то ки ҳамчун аломат барои абнои исьён нигоҳ дошта шавад, ва шиквае ки онҳо аз Ман мекунанд, хотима ёбад, ва онҳо намиранд».
Ва номи Ҳорунро бар асои Левӣ бинавис, зеро ки як асо барои раиси хонадони онҳо хоҳад буд.
Ва Мусо асоҳоро ба ҳузури Худованд дар хаймаи шаҳодат гузошт.