Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 17:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва номи Ҳорунро бар асои Левӣ бинавис, зеро ки як асо барои раиси хонадони онҳо хоҳад буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 17:3
10 Iomraidhean Croise  

Ва ин аст номҳои писарони Левӣ бар ҳасби наслҳошон: Ҷершӯн, ва Қаҳот, ва Марорӣ. Ва солҳои умри Левӣ: саду сию ҳафт сол.


Ва Амром аммаи худ Юкобадро барои худ ба занӣ гирифт, ва вай барои ӯ Ҳорун ва Мусоро зоид; ва солҳои умри Амром: саду сию ҳафт сол.


Зеро шумо ҷонҳои худро дар иштибоҳ андохтед: шумо маро назди Худованд Худои худ фиристода, гуфтед: „Барои мо назди Худованд Худои мо дуо гӯй, ва ҳар чи Худованд Худои мо бигӯяд, ба мо эълон намо, ва мо бар тибқи он амал хоҳем кард“.


«Ва ту, эй писари одам, чӯбдасте барои худ бигир, ва бар он бинавис: „Барои Яҳудо ва барои банӣ‐Исроил, ки ба ӯ ҳамроҳ шудаанд“. Ва чӯбдасти дигаре бигир, ва бар он бинавис: „Барои Юсуф“; ин чӯбдаст аз они Эфроим ва тамоми хонадони Исроил аст, ки ба ӯ ҳамроҳ шудаанд.


«Ба банӣ‐Исроил сухан бирон, ва аз онҳо асоҳо бигир, як асо аз ҳар хонадон, аз ҳамаи раисони онҳо бар ҳасби хонадонҳошон дувоздаҳ асо; ва номи ҳар касро бар асои вай бинавис.


Ва онҳоро дар хаймаи ҷомеъ пеши сандуқи шаҳодат, ки он ҷо Ман ба шумо зоҳир мешавам, бимон.


Ва Худованд ба Ҳорун гуфт: «Ту, ва писаронат ва хонадони падарат бо ту, барои ҳар гуноҳи оид ба қудс масъул хоҳед буд; ва ту, ва писаронат бо ту, барои ҳар гуноҳи оид ба каҳонати шумо масъул хоҳед буд.


Вале ту, ва писаронат бо ту, каҳонати худро аз ҷиҳати ҳар кори қурбонгоҳ ва он чи андарун, дар пушти парда аст, риоя намуда, хизмат кунед; кори каҳонатро Ман ба шумо инъом меқунам, ва ҳар бегонае ки наздик ояд, кушта хоҳад шуд».


Ва замин даҳони худро кушода, онҳоро бо Қӯраҳ фурӯ бурда буд, вақте ки он даста мурданд, ва оташ дусаду панҷоҳ нафарро сӯзонид, ва онҳо ба аломате мубаддал шуданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan