12 Ва банӣ‐Исроил ба Мусо сухан ронда, гуфтанд: «Инак, мо мемирем, ба ҳалокат мерасем, ҳамаамон ба ҳалокат мерасем!
Ҳазорҳо ба гирду пешат хоҳанд афтод, ва беварҳо ба яминат, аммо ба ту наздик нахоҳад шуд;
Беақлии одам роҳи ӯро каҷ мекунад, вале дили ӯ аз Худованд гиламанд мешавад.
Зеро ки то абад додгарӣ нахоҳам кард, ва беинтиҳо ғазаб нахоҳам намуд, вагар на рӯҳ ва ҷонҳое ки Ман офаридаам, пеши Ман бемаҷол хоҳанд шуд.
Ва ман гуфтам: «Вой бар ман, ки тамом шудам! Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам, ва дар миёни қавми ҳаромлаб сукунат дорам, — ва чашмонам Подшоҳро, Худованди лашкарҳоро дидааст».
Ва Мусо чунин кард; чунон ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд, ончунон кард.
Ва он барои ӯ ва барои насли ӯ баъд аз ӯ аҳди каҳонати абадӣ хоҳад буд, чунки ӯ барои Худои худ рашк карда, банӣ‐Исроилро кафорат намуд“».
Вале банӣ‐Қӯраҳ намурданд.
Ва он насиҳатро, ки ба шумо, ҳамчун ба писарон гуфта шудааст, фаромӯш кардаед: «Эй писарам! Ба ҷазои Худованд беэътиноӣ накун, ва ҳангоме ки Ӯ туро мазаммат намояд, маъюс нашав;