Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 16:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Оё барои шумо кам аст, ки Худои Исроил шуморо аз ҷамоати Исроил ҷудо кардааст, ва шуморо ба Худаш наздик овардааст, то ки хизмати маскани Худовандро ба ҷо оваред, ва ба ҳузури ҷамоат истода, ба онҳо хизмат кунед,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 16:9
20 Iomraidhean Croise  

Вай ба ӯ гуфт: «Оё кам аст, ки шавҳари маро гирифтӣ, боз мехоҳӣ меҳргиёҳҳои писари маро бигирӣ?!» Ва Роҳел гуфт: «Имшаб ба ивази меҳргиёҳҳои писарат бо ту бихобад».


Ва ин боз дар назарат, эй Худованд Худо, кам намудааст, ва Ту дар бораи ояндаи дури хонадони бандаат низ сухан рондаӣ; оё ин мартабаи баланди одам нест, эй Худованд Худо?


Ва ба левизодагоне ки тамоми Исроилро таълим медоданд ва барои Худованд такдис ёфта буданд, гуфт: «Сандуқи муқаддасро дар хонае ки Сулаймон ибни Довуд, подшоҳи Исроил, бино кардааст, бимонед; ҳоҷат надорад, ки минбаъд онро бар китфи худ бардоред; алҳол хизмати Худованд Худои худ ва қавми Ӯ Исроилро ба ҷо оваред;


Ва дар он рӯз бар хуҷраҳои махзан барои ионатҳо, навбарҳо ва ушрҳо одамон таъин карда шуданд, то ки аз киштзорҳои шаҳрҳо ҳиссаҳои коҳинон ва левизодагонро мувофиқи Таврот ҷамъ кунанд, зеро аҳли Яҳудо аз он шод буданд, ки коҳинон ва левизодагон ба хизмат меистоданд,


Ва Ишаъё гуфт: бишнавед, эй хонадони Довуд! Оё одамонро безор карданатон барои шумо кам аст, ки боз Худои маро безор мекунед?


Оё барои шумо кам аст, ки бар чарогоҳи хуб чарида, бақияи чарогоҳи худро бо пойҳои худ поймол мекунед? Ва оби таҳнишиншударо нӯшида, бақияи онро бо пойҳои худ лой мекунед,


Онҳо ба хонаи муқаддаси Ман дохил хоҳанд шуд, ва онҳо ба мизи Ман наздик хоҳанд омад, то ки ба Ман хизмат кунанд; ва онҳо навбатдориро барои Ман ба ҷо хоҳанд овард.


Ва левизодагон дар атрофи маскани шаҳодат хайма хоҳанд зад, то ки ғазабе бар ҷамоати банӣ‐Исроил ба амал наояд; ва левизодагон посбонии маскани шаҳодатро ба ҷо хоҳанд овард».


Оё кам аст, ки ту моро аз замине ки шир ва асал дар он ҷорист, берун овардӣ, то ки моро дар биёбон ба ҳалокат бирасонӣ, боз мехоҳӣ, ки бар мо ҳукмронӣ намоӣ?


Ва Мусо ба Қӯраҳ гуфт: «Бишнавед, эй банӣ‐Левӣ!


«Сибти Левиро наздик оварда, онҳоро ба ҳузури Ҳоруни коҳин таъин намо, то ки ба ӯ хизмат кунанд.


Ва левизодагонро ба Ҳорун ва писаронаш бидеҳ: онҳо аз ҷониби банӣ‐Исроил ба таври қатъӣ ба ӯ дода шудаанд.


Вақте ки онҳо ба ибодати Худованд ва рӯзадорӣ машғул буданд, Рӯҳулқудс гуфт: «Барнаббо ва Шоулро аз баҳри коре ки барояш онҳоро даъват намудаам, ба Ман ҷудо кунед».


Барои ман хеле кам аҳамият дорад, ки шумо, ё одамони дигар, дар ҳаққи ман чӣ гуна ҳукм мекунед; худи ман ҳам ҳукме дар ҳаққи худ намекунам.


Дар он вақт Худованд сибти Левиро ҷудо кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро бардоранд, ба ҳузури Худованд истода, хизмати Ӯро ба ҷо оваранд ва ба исми Ӯ баракат диҳанд, ки то имрӯз чунин аст.


Ва навкарони Шоул ин суханонро ба гӯши Довуд расониданд, ва Довуд гуфт: «Оё дар назари шумо домоди подшоҳ шудан осон аст? Ва ҳол он ки ман шахси бенаво ва ҳақирам».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan