Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 16:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва ба муқобили Мусо ва Ҳорун ҷамъ омада, ба онҳо гуфтанд: «Бас кунед! Зеро ки тамоми ҷамоат саросар муқаддасанд, ва Худованд дар миёни онҳост. Пас, чаро шумо худро аз ҷамоати Худованд баланд мегузоред?»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 16:3
20 Iomraidhean Croise  

Чунки аз духтарони онҳо барои худашон ва барои писаронашон зан гирифта, зурьёти муқаддасро бо қавмҳои кишварҳо омехтанд, ва сарварону мансабдорон дар ин бадкирдорӣ пешдастӣ мекарданд».


Зеро ки дарҳои мисинро шикастааст, ва ғалақаҳои оҳанинро пора кардааст.


Маро иҷобат намо, эй Худованд, зеро ки эҳсони Ту некӯст; аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ бар ман таваҷҷӯҳ намо.


Ва шумо барои Ман мамлакати коҳинон ва халқи муқаддас хоҳед буд. Ин аст суханоне ки ту бояд ба банӣ‐Исроил бигӯӣ».


Ва ба сокинони ин замин инро хабар хоҳанд дод, дар сурате ки ин сокинон шунидаанд, ки Ту, эй Худованд, дар миёни ин қавм ҳастӣ, ва Ту, эй Худованд, бар онҳо рӯ ба рӯ зоҳир мешавӣ, ва абри Ту бар онҳо меистад, ва Ту пешопеши онҳо рӯзона дар сутуни абр ва шабона дар сутуни оташ меравӣ, —


Бинобар ин ту ва ҳамаи шариконат ба муқобили Худованд ҷамъ шудаед. Ва Ҳорун чӣ гуноҳ дорад, ки аз вай шиква мекунед?»


Ва фардояш тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил аз Мусо ва Ҳорун шиква карда, гуфтанд: «Шумо қавми Худовандро куштед!»


Ва оташ дар онҳо бимонед, ва фардо ба ҳузури Худованд бар онҳо бухур бирезед; ва он кас, ки Худованд варо интихоб намояд, муқаддас хоҳад буд. Бас кунед, эй банӣ‐Левӣ!»


Ӯ хабосате дар Яъқуб надидааст, ва ноинсофие дар Исроил мушоҳида накардааст. Худованд Худои онҳо бо онҳост, ва нидоҳои шодӣ дар шаъни подшоҳашон дар миёни онҳост.


Ва заминеро, ки шумо дар он сукунат доред, ва Ман дар он сокин ҳастам, наҷис нагардонед; зеро Ман, ки Худованд ҳастам, дар миёни банӣ‐Исроил сукунат дорам».


Хоҳ мард бошад хоҳ зан, хориҷ кунед; онҳоро ба беруни ӯрдугоҳ хориҷ кунед, то ки ӯрдугоҳҳои худро, ки Ман дар миёни онҳо сокин ҳастам, наҷис нагардонанд».


Вале падарони мо нахостанд ба ӯ итоат намоянд, балки ӯро рад карданд, ва дилҳои онҳо сӯи Миср моил шуд


Эй гарданкашон! Эй соҳибони дилҳо ва гӯшҳои номахтун! Шумо ҳамеша ба Рӯҳулқудс муқобилат мекунед, шумо низ монанди падарони худ ҳастед:


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan