1 Ва Қӯраҳ ибни Йисҳор ибни Қаҳот ибни Левӣ, ва Дотон ва Абиром банӣ‐Элиоб, ва Ӯн ибни Фолат, банӣ‐Реубен бархостанд,
Зеро ки дарҳои мисинро шикастааст, ва ғалақаҳои оҳанинро пора кардааст.
Ва ин аст номҳои писарони Левӣ бар ҳасби наслҳошон: Ҷершӯн, ва Қаҳот, ва Марорӣ. Ва солҳои умри Левӣ: саду сию ҳафт сол.
Ва писарони Қаҳот: Амром, ва Йисҳор, ва Ҳебрӯн, ва Узиил. Ва солҳои умри Қаҳот: саду сию се сол.
Ва писарони Йисҳор: Қӯраҳ ва Нофаҷ, ва Зикрӣ.
Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардаам, то ки Худои шумо бошам. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».
«Падари мо дар биёбон мурд, ва ӯ дар миёни он дастае набуд, ки ба зидди Худованд дар дастаи Қӯраҳ ҷамъ шуда буданд, балки дар гуноҳи худ мурд, ва писаре надошт.
Ва он чиро, ки Ӯ бо Дотон ва Абиром, писарони Элиоб ибни Реубен кард, яъне замин даҳони худро кушода, онҳо ва аҳли байти онҳо ва хаймаҳои онҳо ва тамоми дороии онҳоро, ки наздашон буд, дар миёни тамоми Исроил фурӯ бурд, —
Вой бар ҳоли онҳо, чунки бо роҳи Қобил рафтаанд, ва мисли Билъом дар ивази музд тамоман ба иштибоҳ дода шудаанд, ва мисли Қӯраҳ дар исьён ба ҳалокат расидаанд.