Ва ӯ амъои он ва почаҳои онро бо об мешӯяд, ва коҳин ҳар он чиро, ки бар қурбонгоҳ мебошад, месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.
Ва писарони Ҳорун онро бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонанд, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.
Пас, агар ин, ба сабаби бехабарии ҷамоат, саҳван ба амал омада бошад, он гоҳ бигзор тамоми ҷамоат як наргови ҷавонро барои қурбонии сӯхтанӣ, ҳамчун атри гуворо барои Худованд, бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он, мувофиқи қоидаи он, тақдим кунанд, ва як нарбузро барои қурбонии гуноҳ.