Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 15:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва барои ҳадияи рехтанӣ чорьяк ҳин шароб бо қурбонии сӯхтанӣ ё бо забҳ барои ҳар барра биёр.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 15:5
18 Iomraidhean Croise  

Ва низ қурбониҳои сӯхтанӣ бо чарбуи қурбониҳои саломатӣ ва бо ҳадияҳои рехтанӣ барои қурбониҳои сӯхтанӣ бисьёр буд; ва хизмати хонаи Худованд дуруст ба ҷо оварда шуд.


Пас фавран ба ин пул говон, қӯчқорон, баррагон ва ҳадияҳои ордӣ ва рехтании онҳоро бихар, ва онҳоро бар қурбонгоҳи хонаи Худои шумо, ки дар Ерусалим аст, забҳ намо.


Ва даҳьяк аз орди маҳин, ки бо чорьяк ҳин равғани кӯфта омехта шуда бошад, ва ҳадияи рехтанӣ ба қадри чорьяк ҳин шароб — барои як барра хоҳад буд.


Маро аз қафои худ бикаш, то ки бидавем, — подшоҳ маро ба ҳуҷраҳои худ овард, — аз ту ба ваҷд оем ва шодӣ кунем, ишқбозиҳои туро бештар аз шароб ситоиш намоем. Туро сазоворона дӯст медоранд.


Ва агар қурбонии ӯ аз рама, яъне аз гӯсфандон ё аз бузон бошад, бигзор барои қурбонии сӯхтанӣ чорпои нари беайбро тақдим намояд.


Ва ҳадияи ордии он ду ушр орди маҳини омехта бо равған хоҳад буд, то ки қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд бошад; ва ҳадияи рехтании он чорьяк ҳин шароб хоҳад буд.


Ва агар қурбонии забҳи саломатии ӯ барои Худованд аз рама бошад, бигзор чорпои нар ё модаи беайбро тақдим намояд.


Агар ӯ гӯсфанде қурбонӣ кунад, бигзор онро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.


Зеро чӣ гуна азим аст ҳусни ӯ ва зебоии ӯ! Гандум ба ҷавонписарон ва шираи ангур ба ҷавондухтарон нашъунамо хоҳад бахшид.


Барои ҳар наргов, ё барои ҳар қӯчқор, ё барои ҳар барраи гӯсфандон ё бузон бояд ҳамин тавр амал карда шавад.


Агар қӯчқоре қурбонӣ намоӣ, барои ҳадияи ордӣ ду ушри эфа орди маҳине биёр, ки бо сеяк ҳин равған омехта шуда бошад.


Ва ҳадияҳои рехтании онҳо — ба андозаи нисфи ҳин шароб барои ҳар наргов бояд бошад, ва сеяки ҳин барои ҳар қӯчқор, ва чорьяки ҳин барои ҳар барра; ин аст қурбонии сӯхтании ҳар як навмоҳ дар моҳҳои сол.


Ва ҳадияи рехтании он чорьяк ҳин барои ҳар барра аст; ин ҳадияи рехтании шаробро барои Худованд дар макони муқаддас бирез.


Лекин, агар ман курбонии рехтание бар курбонӣ ва ибодати имони шумо шавам ҳам, аз ин шодам ва бо ҳамаи шумо шодӣ мекунам;


Зеро ки ман акнун қурбонии рехтанӣ мешавам, ва замони риҳлатам фаро расидааст.


Вале токи ангур ба онҳо гуфт: „Оё шираи худро, ки Худо ва одамонро дилшод мегардонад, ман тарк кунам ва рафта овора шавам, то ки бар дарахтон нигаҳбонӣ намоям?“


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan