Ва ӯ амъо ва почаҳоро бо об мешӯяд; ва коҳин ҳамаашро наздик оварда, бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.
Ва агар касе бихоҳад қурбонии ҳадияи ордиро барои Худованд тақдим намояд, — бигзор орди маҳин қурбонии ӯ бошад, ва равған бар он бирезад, ва лебӯно бар он бимонад.
Ва ҳадияи ордии он ду ушр орди маҳини омехта бо равған хоҳад буд, то ки қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд бошад; ва ҳадияи рехтании он чорьяк ҳин шароб хоҳад буд.
Ва ҳадияи ордӣ ба андозаи се ушр орди маҳини омехта бо равған барои ҳар наргов, ва ҳадияи ордӣ ба андозаи ду ушр орди маҳини омехта бо равған барои ҳар қӯчқор,
Ба иловаи қурбонии сӯхтании навмоҳ ва ҳадияи ордии он, ва қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордии он, ва ҳадияҳои рехтании онҳо бар тибқи дастури онҳо, то ки атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд бошад.
Ва қурбонии ӯ иборат аз инҳо буд: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;
Вале дарахти зайтун ба онҳо гуфт: „Оё равғани худро, ки бо он Худо ва одамонро ҷалол медиҳанд, ман тарк кунам, ва рафта овора шавам, то ки бар дарахтон нигаҳбонӣ намоям?“