Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 15:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва қурбонии оташин барои Худованд бихоҳед тақдим намоед, чи қурбонии сӯхтанӣ, чи забҳе барои иҷрои назр, ё барои хайрот, ё дар идҳои худ, то ки атри гуворо барои Худованд аз говон ё аз гӯсфандон ба амал оваред, —

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 15:3
27 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд атри гуворо бӯид, ва Худованд дар дили Худ гуфт: «Заминро бори дигар аз боиси одамизод лаънат накунам, зеро ки андешаи дили одам аз наврасии ӯ бад аст; ва ҳамаи ҷонваронро бори дигар талаф накунам, чунон ки кардам.


Пас фавран ба ин пул говон, қӯчқорон, баррагон ва ҳадияҳои ордӣ ва рехтании онҳоро бихар, ва онҳоро бар қурбонгоҳи хонаи Худои шумо, ки дар Ерусалим аст, забҳ намо.


Тарсу ларз бар ман ғолиб омадааст, ва даҳшат маро фаро гирифтааст.


Ва тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ бисӯзон, — ин қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд аст, ин атри гуворо, қурбонии оташин барои Худованд аст.


Ва инро аз дасти онҳо гирифта, бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бисӯзон, то ки атри гуворо ба ҳузури Худованд бошад, чунки ин қурбонии оташин барои Худованд аст.


Ва барраи дигарро дар шомгоҳ тақдим намо; барои он монанди ҳадияи ордии субҳ ва монанди ҳадияи рехтании он тақдим намо, то ки атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд бошад.


Ва онро дар макони муқаддас бихӯред, чунки он аз қурбонии оташини Худованд ҳиссаи ту ва ҳиссаи писарони туст, зеро ки чунин ба ман амр фармуда шудааст.


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: агар касе назр кунад, ки нуфусе мувофиқи қиматдиҳии ту аз они Худованд бошад,


Ва агар забҳи қурбонии ӯ аз рӯи назр ё хайрот бошад, забҳи ӯ бояд дар рӯзи қурбонӣ шуданаш хӯрда шавад; ва бақияи онро рӯзи дигар хӯрдан мумкин аст.


Ва қурбонии сӯхтание ҳамчун атри гуворо барои Худованд тақдим кунед: ду наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксола;


Ва қурбонии сӯхтание барои Худованд ҳамчун атри гуворо тақдим кунед: як наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксола, ки барои шумо беайб бошад.


Ва як сабад нони фатир: қурсҳои орди маҳини бо равған омехташуда, ва нончаҳои тунуки равған молидашуда, ва ҳадияи ордии онҳо ва ҳадияи рехтании онҳо.


Ва инак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст».


Зеро ки мо барои Худо накҳати Масеҳ ҳастем, ҳам дар миёни наҷотьёбандагон ва ҳам дар миёни нобудшавандагон:


Он барои баъзе касон накҳати мамот аст, ки мамот меоварад, ва барои касони дигар накҳати ҳаёт аст, ки ҳаёт меоварад. Ва кист, ки ба ин лоиқ бошад?


Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд.


Он гоҳ кадом маконе ки Худованд Худои шумо баргузинад, то ки исми Худро дар он сокин гардонад, ба он ҷо ҳар он чиро, ки ман ба шумо амр фармоям, биёред, яъне қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои худ, ушрҳо ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худ, ва ҳар гузини назрҳои худро, ки барои Худованд назр намоед;


Ту наметавонӣ дар шаҳрҳои худ ушри ғалла ва шираи ангур ва равғани зайтуни худро, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро, ва ҳар назреро, ки назр карда бошӣ, ва хайроти худ ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худро бихӯрӣ;


Ва курбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои худ, ва ушрҳои худ, ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худ, ва назрҳои худ, ва хайроти худ, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро ба он ҷо биёред.


Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, вақте ки ҳадияи фиристодаи шуморо, ҳамчун бӯи муаттар, ҳамчун қурбонии хуши писандидаи Худо, аз дасти Эпафрӯдитус гирифтам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan