Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 14:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва чаро Худованд моро ба ин замин мебарад, то ки мо ба дами шамшер биафтем, ва занону кӯдакони мо ба асирӣ бурда шаванд? Оё барои мо беҳтар нест, ки ба Миср баргардем?»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 14:3
14 Iomraidhean Croise  

Ва аз гӯш додан сар тофтанд, ва мӯъҷизоти Туро, ки барои онҳо ба амал овардӣ, ба ёд наоварданд, ва гарданкашӣ карданд, ва исьён бардошта, пешвоеро барои худ баргузиданд, то ки ба ғуломии худ баргарданд; вале Ту Худои ғаффор, карим ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва онҳоро тарк накардӣ.


Ва банӣ‐Исроил ба онҳо гуфтанд: «Кошки аз дасти Худованд дар замини Миср мемурдем, вақте ки назди деги гӯшт менишастем ва серона нон мехӯрдем! Зеро ки моро ба ин биёбон берун овардед, то ки тамоми ин ҷамоатро аз гуруснагӣ бикушед».


Ва ба онҳо гуфтанд: «Бигзор Худованд шуморо бубинад ва доварӣ намояд, аз барои он ки моро дар назари фиръавн ва навкаронаш нафратангез гардонида, шамшер ба дасташон додаед, то ки моро бикушанд».


Бигӯед: „Не, мо ба замини Миср хоҳем рафт, ки дар он ҷо рӯи ҷангро нахоҳем дид, ва садои шохро нахоҳем шунид, ва аз қаҳтии нон азоб нахоҳем кашид, ва дар он ҷо хоҳем зист“, —


Худованд дар бораи шумо, эй бақияи Яҳудо, гуфт: „Ба Миср наравед! Яқин бидонед, ки Ман имрӯз шуморо таъкид намудам“.


«Забони худро барои дурӯғ мисли камон зеҳ мекунанд, ва бар замин на аз барои ростӣ пурзӯр шудаанд, зеро ки аз як шарорат ба шарорати дигар мегузаранд, вале Маро намешиносанд», — мегӯяд Худованд.


Балки тамоми моҳ, то ки он аз бинии шумо барояд ва барои шумо нафратангез шавад, чунки аз Худованд, ки дар миёни шумост, нафрат намудед, ва пеши Ӯ гирья карда гуфтед: чаро аз Миср берун омадем?“»


Оё кам аст, ки ту моро аз замине ки шир ва асал дар он ҷорист, берун овардӣ, то ки моро дар биёбон ба ҳалокат бирасонӣ, боз мехоҳӣ, ки бар мо ҳукмронӣ намоӣ?


Ва қавм бо Мусо низоъ карда, гуфтанд: «Кошки мо ҳам мемурдем, вақте ки бародарони мо ба ҳузури Худованд мурданд!


Ва қавм аз Худо ва аз Мусо шикоят карда, гуфтанд: «Чаро моро аз Миср баровардед, то ки дар биёбон бимирем? Зеро ки на нон ҳаст ва на об, ва дили мо аз ин хӯроки нобоб нафрат дорад».


Вале падарони мо нахостанд ба ӯ итоат намоянд, балки ӯро рад карданд, ва дилҳои онҳо сӯи Миср моил шуд


Ва кӯдакони шумо, ки дар бораи онҳо гуфтед: «Ба асирӣ бурда хоҳанд шуд», ва писарони шумо, ки имрӯз аз неку бад вуқуф надоранд, — онҳо ба он ҷо дохил хоҳанд шуд; ва онро ба онҳо хоҳам дод, то ки онро тасарруф намоянд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan