Ва дар он ҷо қавм ташнаи об буданд, ва қавм аз Мусо шикоят карда гуфтанд: «Чаро моро аз Миср берун овардӣ, то ки мо ва фарзандони мо ва чорвои моро аз ташнагӣ бикушӣ?»
Оё кам аст, ки ту моро аз замине ки шир ва асал дар он ҷорист, берун овардӣ, то ки моро дар биёбон ба ҳалокат бирасонӣ, боз мехоҳӣ, ки бар мо ҳукмронӣ намоӣ?
Ва қавм аз Худо ва аз Мусо шикоят карда, гуфтанд: «Чаро моро аз Миср баровардед, то ки дар биёбон бимирем? Зеро ки на нон ҳаст ва на об, ва дили мо аз ин хӯроки нобоб нафрат дорад».