1 Ва тамоми ҷамоат бо овози баланд фиғон бардоштанд, ва қавм он шаб гирья карданд.
Амр фармуд, ва боди тунде бархезонд, ва мавҷҳои онро бардошт.
Ва чунин воқеъ шуд, ки чун фиръавн қавмро равона кард, Худо онҳоро бо роҳи замини фалиштиён набурд, чунки он наздик буд; зеро ки Худо гуфт: «Мабодо қавм ҷангро дида, пушаймон шаванд ва ба Миср баргарданд».
Ва ҳамин ки қавм ин сухани бадро шуниданд, мотам гирифта, ҳеҷ яке зебу зинати худро бар худ нагузоштанд.
Аз сибти Ошер — Сатур ибни Микоил;
Ва дар он ҷо баҳодурони банӣ‐Аноқро дидем, ки аз насли баҳодуронанд; ва мо ба назари худамон мисли малах намудем, ва дар назари онҳо низ чунин будем».
Ва тамоми банӣ‐Исроил аз Мусо ва Ҳорун шиква карданд, ва тамоми ҷамоат ба онҳо гуфтанд: «Кошки дар замини Миср мемурдем, ё дар ҳамин биёбон ҷон медодем!
Вале шумо нахостед биравед, ва ба фармони Худованд Худои худ муқобилат намудед.
Ва шумо баргашта, ба ҳузури Худованд гирья кардед, вале Худованд овози шуморо нашнид ва ба шумо гӯш надод.
Ва ҳангоме ки Худованд шуморо аз Қодеш‐Барнеа фиристода, гуфт: „Рафта, заминеро, ки ба шумо медиҳам, тасарруф намоед“, — шумо ба амри Худованд Худои худ муқобилат кардед, ва ба Ӯ имон наовардед, ва ба овози Ӯ гӯш наандохтед.
Вале бародаронам, ки бо ман рафта буданд, дар дили қавм воҳима андохтанд, ва ҳол он ки ман Худованд Худои худро ба куллӣ пайравӣ намудам;
Ва Довуд ва қавме ки бо ӯ буданд, овози худро баланд карда, гиристанд, то ба дараҷае ки дигар маҷоли гиристан надоштанд.