9 Аз сибти Биньёмин — Фалтӣ ибни Рафу;
Аз сибти Забулун — Ҷаддиил ибни Сӯдӣ;
Аз сибти Эфроим — Ҳушаъ ибни Нун;
Кавӣ ва далер бошед, аз онҳо натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро ки Худованд Худоят Худаш бо ту меравад; Ӯ аз ту даст нахоҳад кашид ва туро тарк нахоҳад кард».
Ва Худованд Худаш пешопеши ту меравад, Ӯ бо ту хоҳад буд, аз ту даст нахоҳад кашид ва туро тарк нахоҳад кард; натарс ва ҳаросон нашав».
Аз онҳо натарс! Он чиро, ки Худованд Худои ту ба фиръавн ва ба тамоми Миср кард, нағз дар хотир нигоҳ дор,
Аз онҳо ҳаросон нашав, зеро Худованд Худои ту, ки дар миёни туст, Худои бузург ва саҳмгин аст.