8 Аз сибти Эфроим — Ҳушаъ ибни Нун;
Писараш Нун, писараш Еҳушаъ.
Ва Мусо бо Еҳушаъ бархост, ва Мусо ба кӯҳи Худо баромад.
Ва Еҳушаъ садои қавмро, ки ғавғо мекарданд, шунида, ба Мусо гуфт: «Дар ӯрдугоҳ садои ҷанг аст».
Ва Еҳушаъ ибни Нун, ки аз айёми ҷавонияш хизматгузори Мусо буд, ҷавоб гардонида, гуфт: «Оғоям Мусо! Онҳоро ҳабс намо».
Ин аст номҳои одамоне ки Мусо фиристод, то ки заминро ҷосусӣ кунанд; ва Мусо Ҳушаъ ибни Нунро Еҳушаъ ном монд.
Аз сибти Иссокор — Йиҷъол ибни Юсуф;
Аз сибти Биньёмин — Фалтӣ ибни Рафу;
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, айёми мурдани ту наздик аст; Еҳушаъро бихон, ва дар хаймаи ҷомеъ ҳозир шавед, то ки ба вай дастурот диҳам». Ва Мусо ва Еҳушаъ рафта, дар хаймаи ҷомеъ ҳозир шуданд.
Ва Худованд ба Еҳушаъ ибни Нун амр фармуда, гуфт: «Қавӣ ва далер бош, зеро ки ту банӣ‐Исроилро ба замине ки дар бораи он ба онҳо қасам хӯрдаам, дохил хоҳӣ кард, ва Ман бо ту хоҳам буд».
Ва Мусо омада, ҳамаи суханони ин сурудро ба самъи қавм ба забон ронд, — ӯ ва Еҳушаъ ибни Нун.
Ва Еҳушаъ ибни Нун аз рӯҳи ҳикмат пур шуд, чунки Мусо дастҳои худро бар ӯ гузошта буд; ва банӣ‐Исроил ба ӯ итоат намуданд, ва бар тибқи он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд.
Ва онҳо ба Еҳушаъ ҷавоб дода, гуфтанд: «Ҳар амре ки ба мо бифармоӣ, ба ҷо хоҳем овард, ва ба ҳар куҷо, ки моро бифиристӣ, равона хоҳем шуд;
Мувофиқи амри Худованд шаҳреро, ки ӯ хост, яъне Тимнат‐Сораҳро дар кӯҳи Эфроим ба ӯ доданд, ва ӯ ин шаҳрро бино карда, дар он сокин шуд.