6 Аз сибти Яхудо — Колеб ибни Ефунне;
Ва писарони Колеб ибни Ефунне: Иру, Эло ва Ноам; ва писари Эло: Қеназ.
Ва Колеб қавмро пеши Мусо таскин дода, гуфт: «Ба яқин мо баромада, онро ба тасарруфи худ хоҳем даровард, зеро ки метавонем бар он ғолиб оем».
Аз сибти Шимъӯн — Шофот ибни Ҳӯрӣ;
Аз сибти Иссокор — Йиҷъол ибни Юсуф;
Вале бандаи Ман Колеб, азбаски рӯҳи дигаре дошта, Маро комилан пайравӣ намуд, — ӯро Ман ба замине ки рафта буд, дохил хоҳам кард, ва насли ӯ онро мерос хоҳад гирифт.
Шумо ба ин замине ки дар бораи он Ман дасти Худро баланд карда қасам хӯрдаам, ки шуморо дар он сокин созам, дохил нахоҳед шуд, ба ҷуз Колеб ибни Ефунне ва Еҳушаъ ибни Нун.
Вале Еҳушаъ ибни Нун ва Колеб ибни Ефунне аз миёни он касоне ки барои ҷосусии замин рафта буданд, зинда монданд.
Ва Еҳушаъ ибни Нун ва Колеб ибни Ефунне, аз миёни онҳое ки заминро ҷосусӣ карда буданд, либосҳои худро даррониданд,
Зеро ки Худованд ба онҳо гуфта буд: «Ба яқин онҳо дар биёбон хоҳанд мурд», ва аз онҳо, ба ҷуз Колеб ибни Ефунне ва Еҳушаъ ибни Нун, касе боқӣ намонд.
Ва ин аст номҳои он касон: аз сибти Яҳудо — Колеб ибни Ефунне;