Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 13:21 - Китоби Муқаддас 1992 1999

21 Ва онҳо баромада, заминро аз биёбони Син то Раҳуб, ки назди Ҳамот буд, ҷосусӣ карданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 13:21
15 Iomraidhean Croise  

Ва Тӯӣ, подшоҳи Ҳамот, шунид, ки Довуд тамоми лашкари Ҳададозарро мағлуб кардааст.


Дар бораи Димишқ. — Ҳамот ва Арпод хиҷил шудаанд, зеро ки хабари бадро шунида, маъюс гардидаанд: «Баҳр ба изтироб омадааст, наметавонад сокит шавад.


Ва подшоҳро дастгир карданд, ва ӯро назди подшоҳи Бобил ба Рибло, ки дар замини Ҳамот аст, оварданд; ва дар ҳаққи ӯ ҳукми худро эълон кард.


Ҳамот, Берута ва Сиброим, ки дар миёни сарҳади Димишқ ва сарҳади Ҳамот аст, ва Ҳасар‐Ҳатихун, ки назди сарҳади Ҳаврон аст.


Ба Кална убур намоед ва бубинед, ва аз он ҷо ба Ҳамоти бузург биравед, ва ба Ҷати фалиштиён фурӯд оед: оё онҳо аз ин мамлакатҳо беҳтаранд? Оё ҳудуди инҳо аз ҳудуди шумо зиёдтар аст?


Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил дар моҳи якум ба биёбони Син расиданд, ва қавм дар Қодеш ӯрду заданд; ва Марьям дар он ҷо вафот ёфт, ва дар он ҷо дафн карда шуд.


Аз боиси он ки шумо дар биёбони Син, вақте ки ҷамоат низоъ карданд, ба фармони Ман муқобилат намудед, ва қудсияти Маро назди об пеши назари онҳо зоҳир насохтед, ки оби Мерибои Қодеш дар биёбони Син буд».


Ва аз Эсьйӯн‐Ҷобар кӯч карда, дар биёбони Син, ки Қодеш бошад, ӯрду заданд.


Аз кӯҳи Ҳӯр ҷониби даромадгоҳи Ҳамот нишона намоед; ва канорҳои сарҳад назди Садод хоҳад буд.


Ва онҳо рӯй ниҳода, ба кӯҳсор баромаданд, ва ба водии Эшкӯл расида, онро ҷосусӣ карданд.


Аз боиси он ки шумо андаруни банӣ‐Исроил, назди обҳои Мерибо, дар биёбони Син ба ман имон наовардед; аз боиси он ки шумо Маро андаруни банӣ‐Исроил тақдис накардед.


Ва кишвари Ҷабал, ва тамоми Лубнон ба самти тулӯи офтоб, аз Баал‐Ҷод, ки дар домани кӯҳи Ҳермӯн аст, то даромадгоҳи Ҳамот.


Ва қуръа барои хонадони банӣ‐Яҳудо, мувофиқи қабилаҳои онҳо, назди сарҳади Адӯм, яъне биёбони Син, ба тарафи ҷануб, аз охири ҷануб афтод.


Ва касе набуд, ки раҳоӣ диҳад, зеро ки он аз Сидӯн дур буд, ва онҳо ба касе робитае надоштанд, ва он дар водие ки назди Байт‐Реҳӯб аст, воқеъ буд. Ва шаҳрро бино карда, дар он маскан гирифтанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan