Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 13:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Одамонро аз ҷониби худ бифирист, то ки замини Канъонро, ки Ман ба банӣ‐Исроил медиҳам, ҷосусӣ кунанд; якнафарӣ аз ҳар сибти падарони онҳо, ки ҳар яке дар миёни онҳо сарвар бошад, бифиристед».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 13:2
12 Iomraidhean Croise  

Ва Мусо мардони ҳалолкорро аз миёни тамоми Исроил баргузида, бар қавм сардор, яъне мириҳазорҳо, мирисадҳо, мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо таъин намуд.


Ва ҳамроҳи шумо як нафар аз ҳар сибт хоҳад буд, ки ҳар яке раиси хонадони худ бояд бошад.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ҳафтод нафар аз пирони Исроил, ки ту онҳоро мешиносӣ, ки пирони қавм ва нозиронашон мебошанд, барои Ман ҷамъ кун, ва онҳоро назди хаймаи ҷомеъ биёр, то ки дар он ҷо бо ту биистанд.


Ин аст номҳои одамоне ки Мусо фиристод, то ки заминро ҷосусӣ кунанд; ва Мусо Ҳушаъ ибни Нунро Еҳушаъ ном монд.


Ва Мусо, мувофиқи амри Худованд, онҳоро аз биёбони Форон фиристод, ки ҳамаи он мардон сардорони банӣ‐Исроил буданд.


Падарони шумо ҳамин тавр амал карданд, вақте ки онҳоро аз Қодеш‐Барнеа барои дидани замин фиристодам:


Ва як раисро аз ҳар сибт барои тақсим кардани замин бигиред.


Ва ман сардорони сибтҳои шуморо, ки мардони ҳаким ва номдор буданд, гирифтам, ва онҳоро бар шумо таъин намудам, то ки мириҳазорҳо ва мирисадҳо ва мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо ва нозирони сибтҳои шумо бошанд.


Ва ҳангоме ки Худованд шуморо аз Қодеш‐Барнеа фиристода, гуфт: „Рафта, заминеро, ки ба шумо медиҳам, тасарруф намоед“, — шумо ба амри Худованд Худои худ муқобилат кардед, ва ба Ӯ имон наовардед, ва ба овози Ӯ гӯш наандохтед.


Ва алҳол шумо дувоздаҳ нафар аз сибтҳои Исроил, аз ҳар сибт як нафар, барои худ бигиред;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan