9 Ва хашми Худованд бар онҳо аланга зад, ва Ӯ рафт.
Ва Худо сухан гуфтанро бо ӯ бас карда, аз пеши Иброҳим сууд намуд.
Ва Худованд, чун гуфтугӯро бо Иброҳим тамом кард, бирафт; ва Иброҳим ба макони худ баргашт.
Ман рафта, ба макони Худ бармегардам, то даме ки онҳо ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ва толиби рӯи Ман гарданд; дар тангии худ онҳо бо зудӣ ба Ман рӯ хоҳанд овард.
Ва қавм шикоят карда, дар гӯши Худованд суханони бад гуфтанд; ва Худованд инро шунида, хашмаш аланга зад, ва оташи Худованд дар миёни онҳо даргирифта, канори ӯрдугоҳро сӯзонид.
Ва Мусо қавмро шунид, ки бо аҳли оилаи худ, ҳар яке назди дари хаймаи худ гирья мекунанд; ва хашми Худованд бағоят аланга зада буд, ва ин дар назари Мусо андӯҳовар буд.