8 Ман бо ӯ рӯ ба рӯ ва ошкоро, ва на бо рамз, сухан меронам, ва ӯ симои Худовандро мебинад; пас, чаро шумо натарсида, бандаи Ман Мусоро мазаммат кардед?»
Ва Ӯ гуфт: «Ман тамоми ҷалолати Худро аз пеши ту мегузаронам, ва исми Худовандро пеши ту мехонам; ва карим мешавам ба ҳар кӣ сазовори карам аст, ва раҳим мешавам ба ҳар кӣ сазовори раҳм аст».
Ва ба сокинони ин замин инро хабар хоҳанд дод, дар сурате ки ин сокинон шунидаанд, ки Ту, эй Худованд, дар миёни ин қавм ҳастӣ, ва Ту, эй Худованд, бар онҳо рӯ ба рӯ зоҳир мешавӣ, ва абри Ту бар онҳо меистад, ва Ту пешопеши онҳо рӯзона дар сутуни абр ва шабона дар сутуни оташ меравӣ, —
Агар дар миёни онҳо аъмолеро намекардам, ки дигаре ҳаргиз накардааст, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун он аъмолро дида, ҳам аз Ман ва ҳам аз Падари Ман нафрат кардаанд,
Аммо ҳамаи мо, бо рӯи кушода, мисли он ки дар оина бошад, ба ҷалоли Худованд нигариста, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем, ва ин аз Худованд, яъне аз Рӯҳ аст.
Ки танҳо Ӯ Ҳайи лоямут буда, дар нури дастнорас сокин аст, ва Ӯро як нафар ҳам аз одамон надидааст ва дида наметавонад. Ӯро то абад шавкат ва қудрат бод! Омин.
Алалхусус онҳоеро, ки аз паи ҳавасҳои қабеҳи ҷисм мераванд, ва аз сарварон нафрат доранд, ва густохӣ ва худсарӣ мекунанд ва аз бадгӯӣ дар ҳаққи мақомҳои осмонӣ наметарсанд,