Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 12:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Ва Ӯ гуфт: «Суханони Маро бишнавед: агар дар миёни шумо набии Худованд бошад, Ман дар рӯъё ба вай зоҳир мешавам, дар хоб бо вай сухан меронам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 12:6
50 Iomraidhean Croise  

Баъд аз ин ҳодисаҳо каломи Худованд дар рӯъё ба Абром расида, гуфт: «Натарс, эй Абром; Ман сипари ту ҳастам; музди ту бағоят бузург аст».


Ва акнун занро ба шавҳараш баргардон: зеро ки ӯ пайғамбар аст, ва барои ту дуо хоҳад гуфт, ва ту зинда хоҳӣ монд; вале агар барнагардонӣ, бидон, ки ту ва ҳар кӣ аз они туст, ҳатман хоҳед мурд».


Ва хобе дид, ки инак, нардбоне бар замин истодааст, ва сараш ба осмон мерасад; ва инак, фариштагони Худо бар он мебароянд ва мефуроянд.


Ва Яъқуб аз хоби худ бедор шуд ва гуфт: «Ба ростӣ Худованд дар ин макон аст, ва ман надонистаам».


Ва Юсуф хобе дида, онро ба бародарони худ нақл кард; ва онҳо боз зиёдтар аз ӯ нафрат карданд.


Ва ӯ боз хоби дигаре дид, ва онро ба бародарони худ нақл карда, гуфт: «Инак, боз хобе дидам, ва инак, офтоб ва моҳ ва ёздаҳ ситорагон ба ман саҷда карданд».


Ва Худо дар рӯъёи шаб ба Исроил хитоб карда, гуфт «Яъқуб, Яъқуб!» Гуфт: «Лаббай!»


Вале дар ҳамон шаб каломи Худованд бар Нотон нозил шуда, гуфт:


Ва Сулаймон бедор шуд, ва инак хоб буд. Ва ба Ерусалим омада, пеши сандуқи аҳди Худованд истод, ва қурбониҳои сӯхтанӣ баровард, ва қурбониҳои саломатӣ забҳ намуд, ва барои ҳамаи навкаронаш базм барпо кард.


Дар Ҷибъӯн Худованд ба Сулаймон дар хоби шаб зоҳир гардид, ва Худо гуфт: «Талаб намо, чӣ чизе ба ту бидиҳам».


Дар хоб, дар рӯъёи шаб, вақте ки одамонро хоб зер мекунад; вақте ки бар бистар ғанабашон мебарад.


Дар миёни андешаҳое ки аз рӯъёҳои шаб пайдо мешавад, вақте ки одамонро хоб зер мекунад,


Ва дархосташонро ба онҳо дод, вале лоғарие бар ҷони онҳо фиристод.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Бубин, Ман туро барои фиръавн Худо сохтаам, ва бародарат Ҳорун набии ту хоҳад буд.


Он чиро, ки ин анбиё ба исми Ман бардурӯғ нубувват кардаанд, шунидаам; онҳо мегӯянд: „Хоб дидаам, хоб дидаам“.


Набие ки хоб дида бошад, бигзор хобашро нақл кунад, ва касе ки каломи Ман дар ӯст, каломи Маро ба ростӣ баён намояд; коҳро бо гандум чӣ кор аст? — мегӯяд Худованд.


Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли сиюм, дар рӯзи панҷуми моҳи чорум, вақте ки ман дар миёни ҷалои ватан шудагон назди наҳри Кабар будам, осмон кушода шуд, ва ман рӯъёҳои Худоро дидам.


Ва ман танҳо мондам, ва ин рӯъёи бузургро медидам, вале мачолам намонд, ва ранги рӯям канда, дигаргун шуд, ва ман тамоман беқувват гаштам.


Дар он шаб ин роз ба Дониёл дар рӯъё ошкор шуд, ва Дониёл Худои осмонро муборак хонд,


Дар соли якуми Балшасар, подшоҳи Бобил, Дониёл бар бистари худ хобе ва рӯъёҳои сари худро дид; он гоҳ хобро навишта, асли масъаларо баён кард.


Ва дар рӯъё дидам, — ман худро дар Шушани пойтахт, ки дар вилояти Элом воқеъ аст, дидам; — ва дар рӯъё дидам, ки ман назди наҳри Улой мебошам.


Модоме ки Ҷилъод пур аз ҷафо гардидааст, пас инҳо бар абас будааст; дар Ҷилҷол онҳо говҳоро қурбонӣ мекарданд, ва қурбонгоҳҳои онҳо мисли сангтӯдаҳои назди огардҳои саҳро буд.


Зеро ки инак, дар он айём ва дар он замон, ҳангоме ки асирони Яҳудо ва Ерусалимро баргардонида бошам,


«Имшаб дидам, ва инак марде бар аспи ҷиранд савор буд, ва ӯ дар миёни дарахтони ос, ки дар водӣ буданд, меистод, ва дар ақиби ӯ аспони ҷиранд, тӯруқ ва сафед буданд.


Нутқи касе ки суханони Худоро мешунавад, рӯъёҳои Қодирро муоина менамояд, фурӯ меғалтад, вале чашмонаш кушода мебошад:


Аммо вақте ки ӯ дар чунин андеша буд, фариштаи Худованд дар хоби ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд! Аз гирифтани зани худ Марьям натарс; зеро ки он чи дар вай ба вуҷуд омадааст, аз Рӯҳулқудс аст;


Чун Ҳиродус мурд, фариштаи Худованд дар Миср ба Юсуф дар хоб зоҳир шуд,


Ба ҳамин тариқ худатон бар зидди худ шаҳодат медиҳед, ки фарзандони қотилони анбиё ҳастед;


Бинобар ин, инак, Ман назди шумо анбиё ва хукамо ва китобдононро мефиристам; ва шумо баъзеро хоҳед кушт ва маслуб хоҳед кард, ва баъзеро дар куништҳои худ тозиёна зада, аз шаҳре ба шаҳре хоҳед ронд;


Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!


Вақте ки вай бар курсии доварӣ нишаста буд, занаш кас фиристода, гуфт: «Бо Он Одил туро коре набошад, чунки имрӯз дар хоб аз боиси Ӯ заҳмати бисьёр кашидам».


Баногоҳ фариштаи Худованд бар ӯ зоҳир гардида, дар тарафи рости курбонгоҳи бухур истод.


Ва ҳангоме ки берун омад, ба онҳо гап зада натавонист, ва онҳо фаҳмиданд, ки ӯ дар маъбад рӯъёе дидааст; ва ӯ ба онҳо имову ишора мекард, ва забонаш лол шуда буд.


Ва агар гӯем, ки „аз инсон буд“, тамоми қавм моро сангсор хоҳанд кард, зеро яқин доранд, ки Яҳьё набӣ буд».


Ва осмонро кушода дид, ва инак зарфе сӯи ӯ нозил мешуд, монанди суфраи калоне ки аз чор гӯшааш овезон ба замин мефуромада бошад;


Чун Петрус бисьёр мутаҳайир шуда, фикр мекард, ки ин рӯъё чӣ маънӣ дошта бошад, фиристодагони Корнилюс ҳонаи Шимъӯнро суроғ карда, назди дарвозаи он омаданд


Ӯ баъзеро ҳавворӣ, баъзеро анбиё, баъзеро башоратдиҳанда, баъзеро шубон ва муаллим таъин намуд,


Пайғамбаре мисли ман аз миёни ту, аз бародарони ту Худованд Худоят барои ту ба майдон хоҳад овард; ба Вай гӯш диҳед.


Набие, мисли ту, Ман барои онҳо аз миёни бародарони онҳо ба майдон хоҳам овард, ва суханони Худро ба даҳони Вай хоҳам гузошт, ва ҳар он чи ба Вай амр фармоям, ба онҳо хоҳад гуфт;


Худое ки аз қадимулайём борҳо ва ба тарзи гуногун ба падарони мо ба василаи анбиё сухан рондааст,


Ва сокинони ҷаҳон аз ин шод ва хурсанд шуда, ба якдигар инъомҳо хоҳанд фиристод, чунки ин ду набӣ сокинони ҷаҳонро азият додаанд.


Ва ба ду шоҳиди Худ қудрате ато ҳоҳам кард, ва онҳо ҳазору дусаду шаст рӯз нубувват ҳоҳанд намуд, дар ҳолате ки палос дар бар карда бошанд».


Ва Шоул аз Худованд пурсид, вале Худованд ба ӯ ҷавоб нагардонд, — на ба воситаи хобҳо, на ба воситаи урим ва на ба воситаи анбиё.


Ва Самуил то субҳ хобид, ва дарҳои хонаи Худовандро воз кард; ва Самуил тарсид, ки ин рӯъёро ба Элӣ хабар диҳад.


Ва Худованд боз дар Шилӯ зоҳир шудан гирифт, чунон ки Худованд дар Шилӯ бо каломи Худованд бар Самуил зоҳир шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan