Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, Ман дар абри ғализе назди ту меоям, то қавм бишнаванд, ки чӣ гуна Ман бо ту сухан меронам, ва он гоҳ ба ту низ ҳамеша имон хоҳанд овард». Ва Мусо суханони қавмро ба Худованд хабар дод.
Ва Худованд дар абр фурӯд омада, ба ӯ сухан ронд, ва аз Рӯҳе ки бар ӯ буд, гирифта, бар ҳафтод нафар пирон кӯчонид; ва ҳангоме ки Рӯҳ бар онҳо қарор гирифт, нубувват карданд, вале давом надоданд.