3 Ва Мусо марди бағоят фурӯтан буд, бештар аз ҳар одаме ки бар рӯи замин аст.
Жолаи Худро мисли нонҳои майда мепартояд; кист, ки пеши сармои Ӯ истода тавонад?
Зеро ки Худованд ба қавми Худ таваҷҷӯҳ мекунад, ҳалимонро бо наҷот шукӯҳ мебахшад.
Ва Худованд ногаҳон ба Мусо ва Ҳорун ва Марьям гуфт: «Ҳар сеятон сӯи хаймаи ҷомеъ берун оед». Ва ҳар сеяшон берун омаданд.
Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт;
«Ба духтари Сион бигӯед: „Инак, Подшоҳи ту бар харе, бар курраи бачаи модахар савор шуда, бо фурӯтанӣ назди ту меояд“».
Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд.
Лекин ман, Павлус, ки шахсан дар миёни шумо хоксорам, вале ғоибона бар шумо ҷасорат дорам, шуморо бо фурӯтанӣ ва меҳрубонии Масеҳ даъват менамоям,
Аммо ман гумон мекунам, ки аз он ҳаввориёни олӣ ҳеҷ камӣ надорам:
Бо фахр карданам то ба дараҷаи беақлӣ расидаам: шумо маро маҷбур сохтед. Шуморо лозим буд маро мадҳ менамудед, зеро ки ман аз ҳаввориёни олӣ дар ҳеҷ бобат камӣ надорам, гарчанде ки ҳеҷам:
Мо, ҳамчун ҳаввориёни Масеҳ, метавонистем бо иҳтиёру қудрат рафтор кунем, аммо дар миёни шумо мулоим будем, монанди дояе ки кӯдакони худро навозиш мекунад.
Оё касе аз шумо ҳаким ва бохирад аст? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад.
Балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост,