16 Ва баъд аз он, қавм аз Ҳасирӯт кӯч карда, дар биёбони Форон ӯрду заданд.
Ва дар биёбони Форон иқомат дошт; ва модараш зане аз замини Миср барои ӯ гирифт.
Худо аз Темон меояд, ва Куддус — аз Форон. Село. Шукӯҳи Ӯ осмонро фаро гирифтааст, ва ҷалоли Ӯ заминро пур кардааст.
Ва банӣ‐Исроил барои сафари худ аз биёбони Сино кӯч карданд; ва абр дар биёбони Форон таваққуф намуд.
Аз Қибрӯт‐Ҳатааво қавм ба Ҳасирӯт кӯч карданд, ва дар Ҳасирӯт ӯрду заданд.
Ва Марьям ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ ҷудо гузошта шуд; ва қавм то вақти баргаштани Марьям кӯч накарданд.
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
Ва раҳсипор шуда, назди Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил ба биёбони Форон, ба Қодеш расиданд, ва ба онҳо ва тамоми ҷамоат хабар оварданд, ва меваи заминро ба онҳо нишон доданд.
Ва Мусо, мувофиқи амри Худованд, онҳоро аз биёбони Форон фиристод, ки ҳамаи он мардон сардорони банӣ‐Исроил буданд.
Ва аз Ҳасирӯт кӯч карда, дар Ритмо ӯрду заданд.
Ва Самуил вафот кард; ва тамоми Исроил ҷамъ шуда, барои ӯ навҳагарӣ карданд, ва ӯро дар хонааш, дар Ромо дафн намуданд. Ва Довуд бархоста, ба биёбони Форон фурӯд омад.