Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 12:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва Марьям ва Ҳорун Мусоро дар бораи зани ҳабашие ки гирифта буд, мазаммат карданд, зеро ки ӯ зани ҳабашӣ гирифта буд;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 12:1
19 Iomraidhean Croise  

Ва ба Худованд Худои осмон ва Худои замин туро қасам медиҳам, ки зане барои писарам аз духтарони канъониён, ки дар миёни онҳо иқомат дорам, нагирӣ;


Ва оғоям маро қасам дода, гуфт: „Зане барои писарам аз духтарони канъониён, ки дар заминашон иқомат дорам, нагирӣ;


Ва Ривқо ба Исҳоқ гуфт: «Аз дасти духтарони ҳиттӣ аз ҷон безор шудаам; агар Яъқуб зане аз духтарони ҳиттӣ, мисли ононе ки духтарони ин заминанд, бигирад, ба ман зиндагӣ чӣ лозим аст?»


Ва фиръавн Юсуфро Софнат‐фаънеаҳ номид, ва Оснат, духтари Фӯтифараъ, коҳини Ӯнро ба ӯ ба занӣ дод. Ва Юсуф сар то сари замини Миср сафар кард.


Ва коҳини Мидьён ҳафт духтар дошт; ва онхо омаданд, ва об кашида, тағораҳоро пур карданд, то ки рамаи падари худро об диҳанд.


Ва Мусо розӣ шуд, ки назди он мард маскан гирад; ва ӯ духтари худ Сифӯраро ба Мусо дод.


Ва аз духтарони онҳо барои писарони худ мегирӣ, ва духтарони онҳо худоёни худро фосидона пайравӣ намуда, писарони туро фосид мегардонанд, то ки худоёни онҳоро пайравӣ кунанд.


Бева, талоқгирифта, палидшуда ва фоҳишаро ӯ набояд бигирад, балки бояд бокирае аз миёни қавми худ ба занӣ бигирад.


Ончунон ҳамаи ин одамон, ки ҷалоли Маро, ва аломотеро, ки Ман дар Миср ва дар биёбон ба амал овардаам, дидаанд, ва Маро даҳ карат имтиҳон намуда, ба овози Ман гӯш надодаанд, —


Ва назди Мусо ҳозир шуданд, ва бо онҳо дусаду панҷоҳ нафар аз банӣ‐Исроил: сардорони ҷамоат, даъватшавандагони маҷлисҳо, шахсони номдор буданд.


Ва номи зани Амром Юкобад буд, ки ӯ духтари Левӣ буд, ва ӯро зани Левӣ дар Миср зоида буд; ва ӯ барои Амром Ҳорун ва Мусо ва хоҳарашон Марьямро зоид.


Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд.


Лекин Ӯ дар ҷавоби он шахс гуфт: «Кист модари Ман, ва кист бародарони Ман?»


Каломеро, ки ба шумо гуфтам, дар хотир нигоҳ доред: „Ғулом бузургтар аз оғои худ нест“. Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард; агар каломи Маро риоя карданд, каломи шуморо низ риоя хоҳанд кард;


Зеро бародаронаш низ ба Ӯ имон наоварда буданд.


Пас, наход ки ба шумо рости гапро гуфта, душмани шумо шуда бошам?


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan