Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 11:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Қавм гардиш карда, онро мечиданд, ва бо дастос ос мекарданд, ё дар ҳован мекӯфтанд, ва дар дег мепухтанд, ва кулчаҳо аз он месохтанд; ва таъми он мисли таъми илики равғанин буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 11:8
9 Iomraidhean Croise  

Боре Яъқуб ош мепухт, ва Эсов лакот аз гуруснагӣ аз саҳро омад.


Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Ин аст он чи Худованд гуфтааст: фардо оромӣ, шанбеи муқаддаси Худованд аст, он чи пухтан хоҳед — бипазед, ва он чи ҷӯшонидан хоҳед — биҷӯшонед, ва ҳар он чи зиёдатӣ кунад, барои худ саришта карда то субҳ нигоҳ доред».


Ва хонадони Исроил онро манн номиданд; ва он ба тухми кашниҷ монанд буда, ранги сафед дошт, ва таъмаш мисли кулчаи асалин буд.


Ва манн мисли тухми кашниҷ буд, ва намудаш мисли намуди булӯр.


Ва ҳангоме ки бар ӯрдугоҳ шабона шабнам меборид, манн бар он меборид.


На аз барои ғизои фонӣ, балки барои ғизое саъю кӯшиш кунед, ки то ҳаёти ҷовидонӣ боқӣ мемонад, ва Писари Одам онро ба шумо хоҳад дод; зеро ки Худои Падар бар Ӯ мӯҳр задааст».


Падарони мо дар биёбон манн хӯрдаанд, чунон ки навишта шудааст: „Аз осмон ба онҳо нон ато кард, то бихӯранд“».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan