5 Моҳиро, ки дар Миср муфт мехӯрдем, ва бодиринг, ва харбуза, ва тара, ва сирро ёд мекунем.
Ва Худованд дар осмон гулдуррос зад, ва Ҳаққи Таоло овози Худро бидод, бо жола ва ахгарҳои оташ.
Ва банӣ‐Исроил ба онҳо гуфтанд: «Кошки аз дасти Худованд дар замини Миср мемурдем, вақте ки назди деги гӯшт менишастем ва серона нон мехӯрдем! Зеро ки моро ба ин биёбон берун овардед, то ки тамоми ин ҷамоатро аз гуруснагӣ бикушед».
Ва духтари Сион мисли чайлае дар токзор, мисли чатре дар полиз, мисли шаҳри муҳосирашудае мебошад.
Бигӯед: „Не, мо ба замини Миср хоҳем рафт, ки дар он ҷо рӯи ҷангро нахоҳем дид, ва садои шохро нахоҳем шунид, ва аз қаҳтии нон азоб нахоҳем кашид, ва дар он ҷо хоҳем зист“, —
Вале аз замоне ки аз бухур сӯзонидан барои маликаи осмон ва аз рехтани ҳадияҳои рехтанӣ барои вай даст кашидем, мӯҳтоҷи ҳама чиз гаштем, ва аз шамшер ва қаҳтӣ талаф мешавем.
Ва тамоми банӣ‐Исроил аз Мусо ва Ҳорун шиква карданд, ва тамоми ҷамоат ба онҳо гуфтанд: «Кошки дар замини Миср мемурдем, ё дар ҳамин биёбон ҷон медодем!
Фарҷоми онҳо ҳалокат аст, худои онҳо шикам аст, ва ҷалоли онҳо дар нанг аст: онҳо дар бораи чизҳои заминӣ фикр мекунанд.