Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 11:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва издиҳоми бегонаҳое ки дар миёни онҳо буданд, булҳавасӣ зоҳир намуданд, ва банӣ‐Исроил низ боз гириста, гуфтанд: «Кист, ки моро гӯшт бихӯронад!

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 11:4
16 Iomraidhean Croise  

Ва чун Тавротро шуниданд, ҳамаи омезишьёфтагонро аз Исроил ҷудо карданд.


Онҳоро аз торикӣ ва зулмот берун овард, ва бандҳошонро барканд.


Ва издиҳоми гуногунқабилаи зиёде низ ҳамроҳи онҳо баромаданд, ва гӯсфандон ва говон, ки рамаи бағоят бузурге буданд.


«Ман шикоятҳои банӣ‐Исроилро шунидаам; ба онҳо сухан ронда, бигӯ: „Шомгоҳон гӯшт хоҳед хӯрд, ва бомдодон аз нон сер хоҳед шуд; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам“».


Ва банӣ‐Исроил ба онҳо гуфтанд: «Кошки аз дасти Худованд дар замини Миср мемурдем, вақте ки назди деги гӯшт менишастем ва серона нон мехӯрдем! Зеро ки моро ба ин биёбон берун овардед, то ки тамоми ин ҷамоатро аз гуруснагӣ бикушед».


Бигӯед: „Не, мо ба замини Миср хоҳем рафт, ки дар он ҷо рӯи ҷангро нахоҳем дид, ва садои шохро нахоҳем шунид, ва аз қаҳтии нон азоб нахоҳем кашид, ва дар он ҷо хоҳем зист“, —


Ва ба қавм бигӯ: „Барои фардо омода шавед, ва гӯшт хоҳед хӯрд, зеро ки дар гӯши Худованд гириста гуфтаед: кист, ки моро гӯшт бихӯронад? Чунки дар Миср барои мо хуб буд, — пас, Худованд ба шумо гӯшт хоҳад дод, то ки бихӯред.


Ва тамоми ҷамоат бо овози баланд фиғон бардоштанд, ва қавм он шаб гирья карданд.


Ончунон ҳамаи ин одамон, ки ҷалоли Маро, ва аломотеро, ки Ман дар Миср ва дар биёбон ба амал овардаам, дидаанд, ва Маро даҳ карат имтиҳон намуда, ба овози Ман гӯш надодаанд, —


Оё кам аст, ки ту моро аз замине ки шир ва асал дар он ҷорист, берун овардӣ, то ки моро дар биёбон ба ҳалокат бирасонӣ, боз мехоҳӣ, ки бар мо ҳукмронӣ намоӣ?


Балки Худованди мо Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар бораи ҳавасҳои шаҳвонии ҷисм ғамхорӣ нанамоед.


Ва инҳо барои мо тимсоле буданд, то ки мо бадиро орзу накунем, чунон ки онҳо орзу мекарданд.


Фирефта нашавед: «Ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд».


Ва дар Табъира, Массо ва Қибрӯт‐Ҳатааво шумо Худовандро ба хашм овардед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan