Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 11:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва қавм сӯи Мусо фарьёд заданд; ва Мусо сӯи Худованд дуо гуфт, ва оташ хомӯш шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 11:2
23 Iomraidhean Croise  

Касоне ки бо киштиҳо баҳр мепаймоянд ва дар обҳои бисьёр кор мекунанд,


Ва аз пеши фиръавн берун омада, сӯи Худованд дуо гуфт.


Ва гуфт: «Агар ман манзури назари Ту, эй Худованд, шуда бошам, бигзор Худованд дар миёни мо равона шавад, зеро ки онҳо қавми гарданкаш ҳастанд, — ва Ту гуноҳҳо ва хатоҳои моро биомурз, ва моро мероси Худ гардон».


Шояд, Худованд, Худои ту, суханони Рабшоқеро, ки оғояш подшоҳи Ашшур ӯро барои таҳқир кардани Худои Ҳай фиристодааст, бишнавад ва ӯро аз барои суханоне ки Худованд, Худои ту, шунидааст, ҷазо диҳад; пас, барои ин бақияе ки вуҷуд доранд, дуое бигӯй“».


Ва Худованд ба ман гуфт: «Ҳатто агар Мусо ва Самуил ба ҳузури Ман биистанд, ҷони Ман ба ин қавм моил нахоҳад шуд; онҳоро аз ҳузури Ман дур андоз, то бираванд.


Ва подшоҳ Сидқиё Еҳукал ибни Шелемьё ва Сафаньё ибни Маасёеи коҳинро назди Ирмиёи набӣ фиристод, ки бигӯянд: «Лутфан, барои мо пеши Худованд Худои мо дуо бигӯй».


Ва ба Ирмиёи набӣ гуфтанд: «Бигзор истиғосаи мо ба ҳузури ту мақбул афтад, ва ту барои мо, барои тамоми ин бақия назди Худованд Худои худ дуо гӯӣ, зеро ки мо каме аз бисьёр боқӣ мондаем, чунон ки чашмонат моро мебинад;


Ва Ҳорун ба Мусо гуфт: «Лутфан, эй оғоям, бори ин гуноҳро, ки аҳмақона рафтор карда, гуноҳкор шудаем, ба гардани мо намон;


Ва Мусо сӯи Худованд фарьёд кашида, гуфт: «Лутфан, эй Худо, ба вай шифо бибахш!»


Ва қавм назди Мусо омада, гуфтанд: «Мо гуноҳ кардем, ки аз Худованд ва аз ту шикоят намудем; сӯи Худованд дуо гӯй, то ки моронро аз мо дур кунад». Ва Мусо барои қавм дуо гуфт.


Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Шумо барои ман ба Худованд дуо гӯед, то ки чизе аз он чи гуфтед, ба ман рӯй надиҳад».


Зеро ки мо ба чунин Саркоҳин эҳтиёҷ дорем: муқаддас, аз бадӣ дур, беайб, аз гуноҳкорон ҷудо ва аз афлок болотар баромада,


Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шаҳси одил қуввати бузурге дорад.


Агар касе бародари худро бинад, ки гуноҳе мекунад, ки анҷомаш мамот нест, бигзор дуо гӯяд, ва Худо Ӯро ҳаёт хоҳад бахшид: дар бораи онҳое мегӯям, ки анҷоми гуноҳашон мамот нест. Гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш мамот аст: дар бораи чунин гуноҳ намегӯям, ки дуо гӯед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan