Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 11:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ҳафтод нафар аз пирони Исроил, ки ту онҳоро мешиносӣ, ки пирони қавм ва нозиронашон мебошанд, барои Ман ҷамъ кун, ва онҳоро назди хаймаи ҷомеъ биёр, то ки дар он ҷо бо ту биистанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 11:16
14 Iomraidhean Croise  

Ва писарони Юсуф, ки ба ӯ дар Миср таваллуд шуданд, ду нафар буданд. Ҳамаи касони хонадони Яъқуб, ки ба Миср омаданд, ҳафтод нафар буданд.


Ва Мусо мардони ҳалолкорро аз миёни тамоми Исроил баргузида, бар қавм сардор, яъне мириҳазорҳо, мирисадҳо, мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо таъин намуд.


Ва Ӯ ба Мусо гуфт: «Сӯи Худованд боло баро, ту ва Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу, ва ҳафтод нафар аз пирони Исроил, ва аз дур саҷда баред;


Ва Мусо бо Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу ва ҳафтод нафар аз пирони Исроил боло баромад.


Ва Мусо ва Ҳорун рафта, ҳамаи пирони банӣ‐Исроилро ҷамъ карданд.


Худованд чунин гуфт: «Бирав ва кӯзаи сафолин аз кулолгар бихар, ва баъзе аз пирони қавм ва пирони коҳинонро бо худ бигир.


Ва ҳафтод нафар аз пирони хонадони Исроил пеши онҳо истодаанд, ва Яазаньё ибни Шофон дар миёни онҳо истодааст, ва ҳар яке маҷмари худро дар даст дорад, ва бӯи абри бухур боло мебарояд.


Ва Мусо берун омада, суханони Худовандро ба қавм гуфт, ва аз пирони қавм ҳафтод нафар ҷамъ карда, онҳоро дар гирду пеши хайма гузошт.


Ва Мусо бархоста, назди Дотон ва Абиром рафт, ва пирони Исроил аз ақиби ӯ рафтанд.


Баъд аз ин, Худованд боз ҳафтод нафари дигарро баргузид, ва онҳоро чуфт‐чуфт пешопеши Худ ба ҳар шаҳр ва ҷое ки Худаш рафтанӣ буд, фиристод,


Он ҳафтод бо шодмонӣ баргашта, гуфтанд: «Худовандо! Девҳо низ бо зикри исми Ту ба мо итоат мекунанд».


Ва ман сардорони сибтҳои шуморо, ки мардони ҳаким ва номдор буданд, гирифтам, ва онҳоро бар шумо таъин намудам, то ки мириҳазорҳо ва мирисадҳо ва мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо ва нозирони сибтҳои шумо бошанд.


Доварон ва нозиронро дар ҳамаи шаҳрҳое ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, барои худ бар ҳасби сибтҳои худ таъин намо, то ки қавмро бо адлу инсоф доварӣ кунанд.


Ҳамаи пирони сибтҳои худ ва нозирони худро назди ман ҷамъ кунед, то ки ин суханонро ба самъи онҳо бирасонам, ва осмону заминро бар онҳо барои шоҳидӣ даъват намоям.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan