Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 11:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ва Мусо қавмро шунид, ки бо аҳли оилаи худ, ҳар яке назди дари хаймаи худ гирья мекунанд; ва хашми Худованд бағоят аланга зада буд, ва ин дар назари Мусо андӯҳовар буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 11:10
19 Iomraidhean Croise  

Амр фармуд, ва боди тунде бархезонд, ва мавҷҳои онро бардошт.


Бинобар ин ғазаби Худованд бар қавми Ӯ оташ гирифтааст, ва Ӯ дасти Худро бар онҳо дароз карда, онҳоро зарба задааст, ва кӯҳҳо ба ларза омадааст, ва ҷасадҳои онҳо дар кӯчаҳо мисли ахлот партофта шудааст; бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст, ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.


Ва ту бо айби худат аз мероси худ, ки Ман ба ту додаам, маҳрум хоҳӣ шуд, ва туро дар замине ки намедонӣ, ба дасти душманонат ба бандагӣ хоҳам супурд, зеро ғазаби Ман оташ гирифтааст, ва он то абад аланга хоҳад зад».


Ва қавм шикоят карда, дар гӯши Худованд суханони бад гуфтанд; ва Худованд инро шунида, хашмаш аланга зад, ва оташи Худованд дар миёни онҳо даргирифта, канори ӯрдугоҳро сӯзонид.


Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Чаро ба бандаи Худ бадӣ кардӣ? Ва чаро дар назарат илтифот наёфтам, ки бори тамоми ин қавмро бар ман гузоштӣ?


Ва ҳангоме ки бар ӯрдугоҳ шабона шабнам меборид, манн бар он меборид.


Ва Мусо марди бағоят фурӯтан буд, бештар аз ҳар одаме ки бар рӯи замин аст.


Ва хашми Худованд бар онҳо аланга зад, ва Ӯ рафт.


Ва онҳо аз гирду пеши маскани Қӯраҳ, Дотон ва Абиром дур шуданд; вале Дотон ва Абиром берун омада, бо занон ва писарон ва кӯдакони худ назди дари хаймаҳошон истоданд.


Ва қавм аз Худо ва аз Мусо шикоят карда, гуфтанд: «Чаро моро аз Миср баровардед, то ки дар биёбон бимирем? Зеро ки на нон ҳаст ва на об, ва дили мо аз ин хӯроки нобоб нафрат дорад».


Чун Исо дид, дарғазаб шуда, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад.


Ва ба онҳо бо ғазаб назар афканда ва аз сахтдилиашон маҳзун гашта, ба он одам гуфт: «Дасти худро дароз кун». Чун дароз кард, дасташ шифо ёфт.


Зеро ки оташи ғазаби Ман аланга задааст, ва то асфалуссофилин фурӯзон шудааст, ва заминро бо ҳосили он фурӯ мебарад, ва асоси кӯҳҳоро месӯзонад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan