Ва Ильёс ҷавоб гардонида, ба онҳо гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташи Худо аз осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.
Ҳанӯз вай сухан меронд, ки дигаре омада, гуфт: «Оташи Худо аз осмон афтода, бузу гӯсфандон ва навкаронро сӯзонд, ва онҳоро нобуд кард; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».
Ва қавм аз Худо ва аз Мусо шикоят карда, гуфтанд: «Чаро моро аз Миср баровардед, то ки дар биёбон бимирем? Зеро ки на нон ҳаст ва на об, ва дили мо аз ин хӯроки нобоб нафрат дорад».