Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 10:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Барои худ ду карнаи нуқра бисоз, онҳоро яклухти мазруб бисоз, то ки ба ту барои даъват кардани ҷамоат ва барои қӯчонидани ӯрдуҳо хизмат кунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 10:2
14 Iomraidhean Croise  

Аммо аз нуқрае ки ба хонаи Худованд меоварданд, барои хонаи Худованд тосҳои нуқра, оташгиракҳо, косаҳо, карнайҳо, ҳар навъ зарфи тилло ва зарфи нуқра сохта нашуд,


Ва ҳамаи левизодагони муғаннӣ, яъне Ософ, Ҳеймон, Едутун, ва писаронашон, ва бародаронашон, либоси катон дар бар карда, бо санҷҳо ва барбатҳо ва удҳо ба тарафи шарқии қурбонгоҳ меистоданд, ва саду бист нафар коҳинон ҳамроҳи онҳо истода, карнай менавохтанд,


Ба бенавоён ва ятимон додгарӣ намоед; мазлумон ва мискинонро сафед кунед;


Моро хурсанд кун ба ивази рӯзҳое ки моро гирифтори залолат кардаӣ, ба ивази солҳое ки бадӣ дидаем.


Ва ду каррубӣ аз тилло бисоз, — онҳоро яклухт, аз ду канори сарпӯш бисоз.


Ва чароғдоне аз тиллои холис бисоз; бигзор чароғдон яклухт сохта шавад; поя ва шохаҳои он, қуббаҳо, ғунчаҳо ва гулҳои он бояд аз худи он бошад.


Ҳадияи бекора дигар набиёред; бухур барои Ман зишт аст; навмоҳ ва шанбе ва анҷуман низ: ба хабосат ва маҷлиси идона наметавонам тоқат оварам.


Дар Яҳудо эълон намоед, ва дар Ерусалим бишнавонед ва бигӯед, ва бар замин шох навозед, ва бо овози баланд хитоб намуда, бигӯед: „Ҷамъ шавед, то ки ба шаҳрҳои истеҳкомдор паноҳ барем“.


Шохро ба даҳонат бигир! Вай мисли уқоб бар хонаи Худованд ҳуҷум хоҳад кард, зеро ки онҳо аҳди Маро шикастанд, ва бар зидди шариати Ман ҷиноят карданд.


Рӯза эълон кунед, маҷлис даъват намоед, пирон ва ҳамаи сокинони ин заминро ба хонаи Худованд Худои худ ҷамъ оваред, ва сӯи Худованд истиғоса баред.


Дар Сион шох навозед, ва дар кӯҳи муқаддаси Ман гулбонг занед, то ки ҳамаи сокинони ин замин ба ларза оянд, чунки рӯзи Худованд меояд, зеро ки наздик аст, —


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ва дар вақти ҷамъ кардани ҷамоат бинавозед, валекин на бо садои дуру дароз.


Як Худованд ҳаст, як имон, як таъмид,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan