Ва раҳсипор шуда, назди Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил ба биёбони Форон, ба Қодеш расиданд, ва ба онҳо ва тамоми ҷамоат хабар оварданд, ва меваи заминро ба онҳо нишон доданд.
Ва банӣ‐Исроил мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба амал оварданд; ҳамин тавр таҳти байрақҳои худ хайма мезаданд, ва ҳамин тавр ҳар яке бар ҳасби қабила ва хонадони худ кӯч мекарданд.
Ва ҳар вақте ки абр аз хайма баланд мешуд, аз паи он банӣ‐Исроил кӯч мекарданд, ва дар маконе ки абр таваққуф менамуд, он ҷо банӣ‐Исроил ӯрду мезаданд.
Ва гуфт: «Худованд аз Сино омад, ва аз Сеир бар онҳо тулӯъ кард, аз кӯҳи Форон зоҳир шуд, ва аз миёни беварҳои муқаддасон падид омад; аз ямини Ӯ оташи шариат барои онҳо фурӯзон буд.