Ва банӣ‐Исроил мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба амал оварданд; ҳамин тавр таҳти байрақҳои худ хайма мезаданд, ва ҳамин тавр ҳар яке бар ҳасби қабила ва хонадони худ кӯч мекарданд.
Ва Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил ба левизодагон чунин амал карданд: мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо дар бораи левизодагон амр фармуда буд, банӣ‐Исроил ба онҳо ҳамон тавр амал карданд.
Ё ки абр агар ду рӯз ё як моҳ ё як сол бар маскан таваққуф намуда, бар он мемонд, — банӣ‐Исроил низ дар ӯрдугоҳ монда, кӯч намекарданд; ва ҳангоме ки он баланд мешуд, онҳо кӯч мекарданд.