Ва онҳо ҳар субҳ ва ҳар шом барои Худованд қурбониҳои сӯхтанӣ ва бухури муаттар месӯзонанд, ва бар мизи пок нони тақдим мегузоранд, ва чароғдони тилло ва чароғҳояшро ҳар шом дармегиронанд, зеро ки мо дастурҳои Худованд Худои худро риоят менамоем, ва ҳол он ки шумо Ӯро тарк кардаед.
Балки левизодагонро бар маскани шаҳодат ва бар тамоми колои он ва бар ҳар чизе ки ба он тааллуқ дорад, таъин намо; бигзор онҳо маскан ва тамоми колои онро бардоранд ва хизмати онро ба ҷо оваранд, ва дар атрофи маскан хайма зананд;
Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Маҷмарро гирифта, оташе аз болои қурбонгоҳ бар он бимон, ва бухур бирез, ва зуд назди ҷамоат рафта, онҳоро кафорат намо, зеро ки ғазаб аз ҷониби Худованд баромада, вабо оғоз ёфтааст».
Ва аз ҳиссаи банӣ‐Исроил як адад аз панҷоҳ адад — чи аз одамон, чи аз говон, чи аз харон, чи аз гӯсфандон, яъне аз ҳамаи чорпоён — бигир, ва онҳоро ба левизодагон, ки хизмати маскани Худовандро ба ҷо меоваранд, бидеҳ».
Ва Мусо аз ҳиссаи банӣ‐Исроил як адад аз панҷоҳ адад — чи аз одамон, чи аз чорпоён — гирифт, ва онҳоро ба левизодагон, ки хизмати маскани Худовандро ба ҷо меоварданд, дод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.