Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 1:51 - Китоби Муқаддас 1992 1999

51 Ва дар вақти кӯч кардани маскан левизодагон онро фурӯд оваранд, ва дар вақти ист кардани маскан левизодагон онро барқарор намоянд; ва шахси бегонае ки ба он наздик меояд, кушта хоҳад шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 1:51
15 Iomraidhean Croise  

Ва хашми Худованд бар Уззо аланга зада, Худо ӯро дар он ҷо барои дастдарозияш зарба зад, ва ӯ дар он ҷо назди сандуқи Худо мурд.


Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли дуюм, дар моҳи дуюм, дар рӯзи бистуми моҳ, абр аз болои маскани шаҳодат баланд шуд.


Ҳамчун ёдгорӣ барои банӣ‐Исроил, — то ки ҳеҷ каси бегонае ки аз насли Ҳорун набошад, барои сӯзонидани бухур ба ҳузури Худованд наздик наояд, ва қисматаш мисли Қӯраҳ ва шарикони вай нашавад, чунон ки Худованд ба ӯ ба воситаи Мусо гуфтааст.


Ҳар кӣ ба маскани Худованд наздик ояд, мемирад; оё ҳамаамон ба мурдан маҳкум шудаем?»


Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар киро Ман интихоб намоям, асои вай гул хоҳад кард; бо ин Ман шикваҳои банӣ‐Исроилро, ки аз шумо мекунанд, аз ҷониби Худ сокит хоҳам намуд».


Ва банӣ‐Исроил дигар ба хаймаи ҷомеъ наздик нахоҳанд шуд, то ки гуноҳкор нашаванд ва намиранд.


Бигзор онҳо хизмати ту ва хизмати тамоми хаймаро ба ҷо оваранд, аммо ба колои муқаддас ва ба қурбонгоҳ наздик нашаванд, то ки на шумо бимиред, на онҳо.


Ва бигзор онҳо бо ту ҳамроҳӣ намуда, хизматгузории хаймаи ҷомеъ ва ҳар кори хаймаро ба ҷо оваранд; ва каси бегонае набояд ба шумо наздик ояд.


Вале ту, ва писаронат бо ту, каҳонати худро аз ҷиҳати ҳар кори қурбонгоҳ ва он чи андарун, дар пушти парда аст, риоя намуда, хизмат кунед; кори каҳонатро Ман ба шумо инъом меқунам, ва ҳар бегонае ки наздик ояд, кушта хоҳад шуд».


Вале Ҳорун ва писаронашро баргумор, то ки каҳонати худро риоят кунанд; ва бегонае агар наздик ояд, кушта хоҳад шуд».


Ва пеши маскан аз ҷониби офтоббаро, яъне пеши хаймаи ҷомеъ аз тарафи шарқ, бояд Мусо ва Ҳорун ва писаронаш хайма зананд, ки онҳо вазифаи нигаҳбонии қудс ва нигаҳбонии банӣ‐Исроилро иҷро мекунанд; ва шахси бегонае ки ба он наздик ояд, кушта хоҳад шуд.


Ва мардуми Байт‐Шемешро, ки ба даруни сандуқи Худованд назар андохта буданд, зарба зад, ва аз миёни қавм ҳафтод нафарро зарба зад; ва қавм мотам гирифтанд, зеро ки Худованд қавмро зарбаи азиме зада буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan