Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 1:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва ҳамроҳи шумо як нафар аз ҳар сибт хоҳад буд, ки ҳар яке раиси хонадони худ бояд бошад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 1:4
19 Iomraidhean Croise  

Он гоҳ Сулаймон пирони Исроил, ҳамаи сардорони сибтҳо, раисони хонаводаҳои банӣ‐Исроилро назди подшоҳ Сулаймон дар Ерусалим ҷамъ кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро аз шаҳри Довуд, ки Сион бошад, бароваранд.


Ва ту аз миёни тамоми қавм мардони ҳалолкор, худотарс, мардони росткори аз тамаъ нафратдоштаро баргузида, бар онҳо таъин намо, то ки мириҳазорҳо, мирисадҳо, мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо бошанд,


Ва Мусо мардони ҳалолкорро аз миёни тамоми Исроил баргузида, бар қавм сардор, яъне мириҳазорҳо, мирисадҳо, мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо таъин намуд.


Ҳаминҳоянд даъватшудагони ҷамоат, раисони сибтҳои падаронашон, ки сарварони ҳазораҳои Исроил мебошанд».


Инҳоянд дар шумор овардашудагон, ки Мусо ва Ҳорун бо раисони Исроил дар шумор оварданд, — бо он дувоздаҳ нафар, ки ҳар яке аз як хонадони онҳо буданд.


Ва номи Ҳорунро бар асои Левӣ бинавис, зеро ки як асо барои раиси хонадони онҳо хоҳад буд.


Ва номи он марди исроилии мақтул, ки бо зани мидьёнӣ кушта шуд, Зимрӣ ибни Солу буд, ки вай раиси як хонаводаи шимъӯниён буд.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ҳамаи сардорони қавмро бигир ва онҳоро барои Худованд зери офтоб ба дор бикаш, то ки шиддати ғазаби Худованд аз Исроил баргардад».


Ва Мусо бар тибқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба банӣ‐Исроил сухан ронд.


Ва Мусо ва Ҳорун ва раисони ҷамоат банӣ‐Қаҳотро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо дар шумор оварданд,


Раисони Исроил, сардорони хонаводаҳошон, — ҳамонҳое ки раисони сибтҳо буда, бар сари онҳое меистоданд, ки дар шумор оварда шуда буданд, — наздик омаданд,


Ва ман сардорони сибтҳои шуморо, ки мардони ҳаким ва номдор буданд, гирифтам, ва онҳоро бар шумо таъин намудам, то ки мириҳазорҳо ва мирисадҳо ва мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо ва нозирони сибтҳои шумо бошанд.


Ва бо ӯ даҳ раис: як раис аз ҳар хонадон, аз ҳамаи сибтҳои Исроил буданд, ки ҳар яке раиси хонадони қабилаҳои Исроил буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan