Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 1:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки дар Исроил ба лашкар мераванд, — ту ва Ҳорун онҳоро бар тибқи фавҷҳошон дар шумор оваред.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 1:3
16 Iomraidhean Croise  

Ва Юоб рӯйхати саршумории қавмро ба подшоҳ пешниҳод кард; аз Исроил ҳаштсад ҳазор нафар ҷанговарони шамшерзан, ва аз Яҳудо панҷсад ҳазор нафар буданд.


Аз банӣ‐Реубен ва ҷодиён ва нисфи сибти Менашше ҷанговарон, касоне ки сипар ва шамшер мебардоштанд, ва камондорон, ва ҷангозмудагон, ки ба майдони корзор мебаромаданд, чилу чор ҳазору ҳафтсаду шаст нафар буданд.


Ва Амасьё аҳли Яҳудоро ҷамъ кард, ва онҳоро мувофиқи хонаводаҳо, дар тамоми Яҳудо ва Биньёмин, зери фармони мириҳазорҳо ва мирисадҳо гузошт; ва онҳоро аз бистсола ва болотар дар шумор оварда, сесад ҳазор гузинони найзавар ва сипардорро ёфт, ки метавонистанд ба аскарӣ бираванд.


Ва хӯрдани фатирро риоя намоед, зеро ки дар худи ҳамин рӯз Ман фавҷҳои шуморо аз замини Миср берун овардаам; ва ин рӯзро, ҳамчун қонуни абадӣ, насл ба насли худ риоя намоед.


Ҳар касе ки аз саршуморӣ мегузарад, аз синни бистсола ва болотар, бояд ҳадияи Худовандро бидиҳад.


Як беқаъ аз ҳар сар, яъне ним сиқл, мувофиқи сиқли муқаддас, аз ҳар нафаре ки аз саршуморӣ гузаштааст, аз синни бистсола ва болотар, ки ҷамъ шашсаду се ҳазору панҷсаду панҷоҳ нафар буданд.


Дар ин биёбон ҷасадҳои шумо хоҳад афтод, яъне ҳамаи дар шумор овардашудагони шумо, бар ҳасби тамоми адади шумо, аз бистсола ва болотар, ки аз Ман шикоят кардаед.


«Тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро, бар ҳасби хонадонҳои онҳо, аз бистсола ва болотар, яъне ҳамаи онҳоеро, ки ба лашкари Исроил мераванд, саросар дар шумор оваред».


«Банӣ‐Левиро бар ҳасби хонадон ва қабилаҳошон дар шумор овар; ҳар мардинаро аз якмоҳа ва болотар дар шумор овар».


„Ин одамоне ки аз Миср баромадаанд, аз бистола ва болотар, заминеро, ки Ман дар бораи он ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдаам, нахоҳанд дид, зеро ки онҳо Маро пайравӣ накарданд,


Ин аст сафарҳои банӣ‐Исроил, ки аз Миср бар ҳасби фавҷҳои худ, бо сардории Мусо ва Ҳорун берун омаданд.


Аз сисола ва болотар ва то панҷоҳсола, ҳамаи онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд.


Агар касе ба қарибӣ зан гирифта бошад, бигзор ба лашкар наравад, ва ҳеҷ маҷбурияти дигаре ба зиммаи вай гузошта нашавад, то ки як сол дар хонаи худ озод бошад, ва бо зани худ димоғчоқӣ кунад.


Ва дар он вақт ба шумо амр фармуда, гуфтам: „Худованд Худои шумо ин заминро ба шумо додааст, то ки онро тасарруф намоед; пас, ҳамаи ҷасурон мусаллаҳ гардида, пешопеши бародарони худ, банӣ‐Исроил убур намоед;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan