26 Аз банӣ‐Яҳудо бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Ин дафъа Худовандро ҳамд мегӯям». Бинобар ин ӯро Яҳудо номид. Ва аз зоидан монд.
Писарони Яҳудо: Эр, Ӯнон, Шело, Форас ва Зораҳ; вале Эр ва Ӯнон дар замини Канъон мурданд. Писарони Форас Ҳесрӯн ва Ҳомул буданд.
Ва Юоб рӯйхати саршумории қавмро ба подшоҳ пешниҳод кард; аз Исроил ҳаштсад ҳазор нафар ҷанговарони шамшерзан, ва аз Яҳудо панҷсад ҳазор нафар буданд.
Ва агарчи Яҳудо бар бародаронаш бартарӣ пайдо карда, пешво аз ӯ пайдо шуд, вале нахустзодагӣ аз они Юсуф гардид.
Дар шумор овардашудагон аз сибти Ҷод чилу панҷ ҳазору шашсаду панҷоҳ нафар буданд.
Дар шумор овардашудагон аз сибти Яҳудо ҳафтоду чор ҳазору шашсад нафар буданд.
Иброҳим Исҳоқро ба дуньё овард; ва Исҳоқ Яъқубро ба дуньё овард; ва Яъқуб Яҳудо ва бародарони ӯро ба дуньё овард;