Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 1:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Саршумории тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳошон, мувофиқи адади номҳошон, — ҳамаи мардҳоро саросар ба амал оваред.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 1:2
16 Iomraidhean Croise  

Ва банӣ‐Исроил аз Раамсис ба ҷониби Суккӯт равона шуданд, ки тақрибан шашсад ҳазор мардони пиёда, ғайр аз кӯдакон, буданд.


«Вақте ки саршумори банӣ‐Исроилро бар тибқи онҳое ки дар шумор оварда шудаанд, пайдо мекунӣ, бигзор ҳар кас фидияи ҷони худро, ҳангоми шумурда шуданашон, ба Худованд бидиҳад, то ки ба онҳо, ҳангоми шумурда шуданашон, вабое рӯй надиҳад.


Ва нуқраи саршумории ҷамоат сад киккар ва ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ сиқл, мувофиқи сиқли муқаддас буд.


Як беқаъ аз ҳар сар, яъне ним сиқл, мувофиқи сиқли муқаддас, аз ҳар нафаре ки аз саршуморӣ гузаштааст, аз синни бистсола ва болотар, ки ҷамъ шашсаду се ҳазору панҷсаду панҷоҳ нафар буданд.


Ва тамоми ҷамоатро дар рӯзи якуми моҳи дуюм ҷамъ карданд, ва онҳо насабномаҳои худро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои худ, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар саросар эълон намуданд,


Чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд; ва ӯ онҳоро дар биёбони Сино дар шумор овард.


Аз банӣ‐Шимъӯн бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳои саросар дар шумор овардашудагон, ҳамаи мардҳои аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan