19 Чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд; ва ӯ онҳоро дар биёбони Сино дар шумор овард.
Ва Сулаймон ҳамаи мардони ғариберо, ки дар замини Исроил буданд, баъд аз саршумории онҳо, ки падараш Довуд ба амал оварда буд, дар шумор овард, ва онҳо саду панҷоҳу се ҳазору шашсад нафар баромаданд.
Ва Мусо ба амал овард; ончунон ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд, ба ҷо овард.
Вақте ки ба хаймаи ҷомеъ даромада, ба қурбонгоҳ наздик шуданд, шустушӯ карданд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
«Саршумории тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳошон, мувофиқи адади номҳошон, — ҳамаи мардҳоро саросар ба амал оваред.
Ва банӣ‐Исроил ба амал оварданд; чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ончунон ба амал оварданд.
Ва банӣ‐Исроил мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба амал оварданд; ҳамин тавр таҳти байрақҳои худ хайма мезаданд, ва ҳамин тавр ҳар яке бар ҳасби қабила ва хонадони худ кӯч мекарданд.
Инҳоянд дар шумор овардашудагон ба воситаи Мусо ва Элъозори коҳин, вақте ки онҳо банӣ‐Исроилро дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ дар шумор оварданд.
Ва Мусо нуқраи фидияро мувофиқи гуфтаи Худованд, ҷунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба Ҳорун ва писаронаш дод.