Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ададҳо 1:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ҳаминҳоянд даъватшудагони ҷамоат, раисони сибтҳои падаронашон, ки сарварони ҳазораҳои Исроил мебошанд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ададҳо 1:16
20 Iomraidhean Croise  

Ва ту аз миёни тамоми қавм мардони ҳалолкор, худотарс, мардони росткори аз тамаъ нафратдоштаро баргузида, бар онҳо таъин намо, то ки мириҳазорҳо, мирисадҳо, мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо бошанд,


Ва Мусо мардони ҳалолкорро аз миёни тамоми Исроил баргузида, бар қавм сардор, яъне мириҳазорҳо, мирисадҳо, мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо таъин намуд.


ва ту, эй Байт‐Лаҳми Эфрот, ки дар миёни хонаводаҳои Яхудо аз ҳама ҷавонтарӣ! Аз ту барои Ман Ҳокиме дар Исроил хоҳад баромад, ва баромади Ӯ аз қадим, аз айёми азал аст.


Аз Нафтолӣ — Аҳираъ ибни Энон.


Ва Мусо ва Ҳорун ин шахсонро, ки номҳошон зикр ёфт, гирифтанд.


Ва ҳамроҳи шумо як нафар аз ҳар сибт хоҳад буд, ки ҳар яке раиси хонадони худ бояд бошад.


Ва агар якеро бинавозанд, раисон, сардорони сибтҳои Исроил назди ту ҷамъ хоҳанд шуд.


Ва Ман фурӯд омада, дар он ҷо бо ту сухан хоҳам ронд, ва аз Рӯҳе ки бар туст, гирифта бар онҳо хоҳам гузошт, то ки онҳо бо ту бори ин қавмро бардоранд, ва ту танҳо нахоҳӣ бардошт.


Ва назди Мусо ҳозир шуданд, ва бо онҳо дусаду панҷоҳ нафар аз банӣ‐Исроил: сардорони ҷамоат, даъватшавандагони маҷлисҳо, шахсони номдор буданд.


Ва банӣ‐Элиёб: Намуил ва Дотон ва Абиром; ҳамон Дотон ва Абиром, ки калоншавандагони ҷамоат буда, ба зидди Мусо ва Ҳорун бо якҷоягии дастаи Қӯраҳ фитна андохта буданд, вақте ки онҳо ба зидди Худованд фитна андохтанд;


Ва Мусо бар тибқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба банӣ‐Исроил сухан ронд.


Раисони Исроил, сардорони хонаводаҳошон, — ҳамонҳое ки раисони сибтҳо буда, бар сари онҳое меистоданд, ки дар шумор оварда шуда буданд, — наздик омаданд,


Ва ман сардорони сибтҳои шуморо, ки мардони ҳаким ва номдор буданд, гирифтам, ва онҳоро бар шумо таъин намудам, то ки мириҳазорҳо ва мирисадҳо ва мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо ва нозирони сибтҳои шумо бошанд.


Ва дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо, ман Исроилро чӣ гуна метавонам наҷот диҳам? Инак, хонаводаи ман дар сибти Менашше аз ҳама бенавотар аст, ва ман дар хонаи падарам аз ҳама ҷавонтарам».


Ва Шоул ба фармонбарони худ, ки дар гирду пешаш истода буданд, гуфт: «Бишнавед, эй банӣ‐Биньёмин! Оё писари Йисой низ ба ҳамаи шумо киштзорҳо ва токистонҳо хоҳад дод, ва оё ҳамаи шуморо мириҳазор ва мирисад таъин хоҳад кард,


Ва ҳамаи паноҳгоҳҳоеро, ки ӯ дар онҳо пинҳон мешавад, тафтиш намуда, зери чашм гиред, ва бо маълумоти аниқ назди ман баргардед, ва он гоҳ ман бо шумо хоҳам рафт; ва агар ӯ дар ин замин бошад, ман ӯро дар миёни ҳамаи кабилаҳои Яҳудо ҷустуҷӯ хоҳам кард».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan