Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




2 Тимотиюс* 1:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Шукргузорӣ менамоям Худоеро, ки чун аҷдоди худ бо виҷдони пок ба Ӯ ибодат мекунам, барои он ки ҳамеша туро дар дуоҳоям шабу рӯз ба ёд меоварам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

3 Эй Тимотиюс, шабу рӯз беист туро дар дуоҳоям ба ёд оварда, бароят ба ҳамон Худо шукр мегӯям, ки ман ба монанди аҷдодонам бо виҷдони пок ба Ӯ хизмат мекунам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




2 Тимотиюс* 1:3
21 Iomraidhean Croise  

Ва то ҳаштоду чорсолагӣ бева буд. Вай аз маъбад дур нашуда, бо рӯза ва дуо шабу рӯз ба Худо ибодат мекард.


«Ман яҳудӣ ҳастам, ки дар Тарсуси Қилиқия таваллуд шудаам ва дар ин шаҳр дар хизмати Ҷамлиил тарбият ёфтаам ва шариати падаронро бодиққат омӯхтаам ва дар роҳи Худо ғаюр будам, чунон ки ҳамаи шумо имрӯз ҳастед;


Павлус ба шӯрои пирон назар дӯхта, гуфт: «Эй бародарон! Ман то имрӯз дар хузури Худо бо виҷдони пок рафтор кардаам».


Лекин инро назди ту иқрор мекунам, ки аз рӯи тариқате ки онҳо бидъат меноманд, ман дар ҳақиқат Худои падаронро ибодат менамоям, дар ҳолате ки ба ҳар чи дар Таврот ва дар суҳафи анбиё навишта шудааст, эътиқод дорам


Бинобар ин худам низ саъю кӯшиш менамоям, ки виҷдонам назди Худо ва одамон ҳамеша пок бошад;


Зиндагии маро, ки аз аввали ҷавониам онро дар миёни қавми худам ва дар Ерусалим гузарондаам, ҳамаи яҳудиён медонанд;


Зеро ки имшаб фариштаи Худое ки ман аз они Ӯ ҳастам ва Ӯро ибодат мекунам, ба ман зоҳир шуд


Дар Масеҳ рост мегӯям, дурӯғ намегӯям, виҷдонам дар Рӯҳулқудс бо ман шаҳодат медиҳад,


Зеро фахри мо ин аст, ки виҷдони мо шаҳодат медиҳад, ки нисбат ба ҷаҳон, алалхусус ба шумо дар беайбӣ ва самимияти илоҳӣ рафтор кардаем, ва ин ба воситаи ҳикмати ҷисмонӣ набуд, балки аз файзи Худо буд.


Ва дар дини яхудӣ дар авлодам назар ба бисьёр ҳамсолони худ бештар комьёб будам, дар ҳолате ки барои ривоятҳои падаронам ниҳоятдараҷа ғайрат мекардам.


Шукргузориро барои шумо бас намекунам ва шуморо дар дуоҳои худ ёд мекунам,


Ки шабу рӯз бо тамоми ҷидду ҷаҳд дуо мегӯем, ки бо шумо рӯ ба рӯ шавем ва камии имони шуморо пур кунем?


Ва имон ва виҷдони нек дошта бошӣ, ки баъзе касон онро рад карданд, ва киштии имонашон ғарқ шуд;


Мақсади ин насиҳат муҳаббат аст, ки аз дили соф ва виҷдони нек ва имони бериё падид меояд,


Бевазани ҳақиқӣ ва бекас ба Худо умед мебандад ва шабу рӯз ба тазаррӯъ ва дуо машғул аст,


Зеро ки имони бериёи туро, ки пештар дар модаркалонат Лӯид ва модарат Авниқо сокин буд, ба ҳотир меоварам ва яқин дорам, ки он дар ту низ сокин аст.


Ва аз кӯдакиат Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ, ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои Масеҳ аст.


Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад айни ҳамон аст.


Худи ман низ, ҳошо ки ман ба ҳузури Худованд чунин гуноҳро ба худ раво бинам, ки барои шумо дуо гуфтанро тарк намоям, балки шуморо ба роҳи нек ва рост ҳидоят хоҳам кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan