Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 4:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Зеро ки машқи ҷисмонӣ кам фоида дорад, вале диндорӣ барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

8 Машқи ҷисмонӣ кори хуб аст, лекин худотарсӣ ҳамеша беҳтар аст, зеро он ҳам барои ин ҳаёт ва ҳам барои ҳаёти оянда зиндагиро ваъда медиҳад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 4:8
52 Iomraidhean Croise  

«Оё мард ба Худо фоида мерасонад? Ба яқин, соҳибфаҳм фақат ба худаш фоида мерасонад.


Агар онҳо гӯш кунанд ва Ӯро ибодат намоянд, рӯзҳои худро дар хушбахтӣ мегузаронанд, ва солҳои худро дар хурсандӣ.


Дилам метапад; қувватам аз ман рафтааст, ва нури чашмонам низ бо ман нест.


Бағоят бемадор ва шалпар шудаам; аз дарди дили худ наъра мезанам.


Эҳсон ва ростӣ мулоқот хоҳанд кард, адолат ва осоиштагӣ якдигарро хоҳанд бӯсид.


Худотарсӣ боиси ҳаёт аст, ва тарсгор дар некӣ сокин аст ва аз ҳар бадӣ эмин аст.


Подоши фурӯтанӣ ва ҳудотарсӣ сарват ва ҷалол ва ҳаёт аст.


Агарчи хатокор сад бор бадӣ мекунад ва умри дароз мебинад, дар асл ман медонам, ки дар оқибат некӯӣ фақат барои тарсгорони Худо хоҳад буд, ки онҳо ба ростӣ аз Ӯ метарсанд;


Ба одил бигӯед, ки ӯ некӣ хоҳад дид, зеро ки аз самараи аъмоли худ хоҳад хӯрд.


Вай дар баландиҳо сокин хоҳад шуд; сахраҳои дастнорас паноҳгоҳи вай хоҳад буд; нони вай дода хоҳад шуд; оби вай таъмин хоҳад буд.


Лебӯное ки аз Шабо, ва наи атрогине ки аз кишвари дурдаст оварда мешавад, ба Ман чӣ лозим аст? Қурбониҳои сӯхтании шумо табъи дил нест, ва забҳҳои шумо ба Ман хуш намеояд.


Ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, ба вай омурзида мешавад; лекин ҳар кӣ бар зидди Рӯҳулқудс сухане гӯяд, ба вай омурзида нахоҳад шуд, на дар ин олам, на дар олами оянда.


Ва ҳар кӣ аз баҳри исми Ман хонаҳо, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро тарк кунад, сад чандон хоҳад ёфт ва вориси ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад шуд;


Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд.


Алҳол, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон ва амлок ва дар олами оянда хаёти ҷовидонӣ наёбад;


Лекин шароби навро дар машки нав андохтан лозим аст; дар он сурат ҳар ду маҳфуз хоҳанд монд.


Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад;


Хоҳ Павлус, хоҳ Апӯллӯс, хоҳ Кифо, хоҳ ҷаҳон, хоҳ ҳаёт, хоҳ мамот, хоҳ ҳозира, хоҳ оянда — ҳамааш аз они шумост;


Хӯрок моро ба Худо наздик намекунад: зеро ки на аз хӯрдан манфиате мебинем, на аз наҳӯрдан зиёне.


Аммо аз қиссаҳои нолоиқи аҷузаҳо рӯй гардон, балки худро дар диндорӣ машқ деҳ;


Агар касе таълимоти дигарро паҳн кунад ва ба суханони солими Худованди мо Исои Масеҳ ва ба таълимоти диндорӣ пайравӣ накунад, —


Ва мунозираҳои бекора ба амал меояд дар миёни шахсони ақлрамида ва аз ҳақиқат бегонае ки мувофиқи пиндошташон диндорӣ манбаи фоида аст. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.


Аммо диндорӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад.


Ва намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.


Дуруст аст ин сухан, ва ман мехоҳам, ки ту дар он қоим бошӣ, то онҳое ки ба Худо имон овардаанд, саъю кӯшиш намоянд, ки дар аъмоли нек муваффақият ёбанд: ин барои одамон хуб ва фоиданок аст.


Ба таълимоти гуногун ва бегона моил нашавед; зеро хуб аст, ки дилҳо бо файз қавӣ гардад, на бо таомҳо, ки аз онҳо касони пурхӯр манфиате надидаанд.


Ва он ваъдае ки Ӯ ба мо додааст, ҳаёти ҷовидонист.


Касе ки ғолиб ояд, вайро дар маъбади Худои Худ рукне хоҳам гардонд, ва дигар вай берун нахоҳад рафт; ва исми Худои Худро ва исми шаҳри Худои Худро, яъне Ерусалими навро, ки аз осмон аз ҷониби Худои Ман нузул мекунад, ва исми нави Худро бар вай хоҳам навишт.


Касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки бо Ман бар тахти Ман биншинад, чунон ки Ман низ ғолиб омада, бо Падари Худ бар тахти Ӯ нишастам.


Ва Самуил гуфт: «Оё барои Худованд курбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳо ончунон матлуб аст, чунон ки шунидани овози Худованд? Шунидан, охир, аз забҳ хубтар аст, ва гӯш андохтан — аз чарбуи кӯчқорон.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan